Истифодаи низоми хавфҳо дар санҷишҳо
24 апрели соли 2012 дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии низоми истифодаи хавфҳо ҳангоми ба нақша гирифтани санҷишҳои андоз баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони мақомотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ ширкат варзиданд.
Омӯзиши нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба омӯзиши Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва мутахассисони соҳа ҷамъомад баргузор гардид.
Шабакаи ягонаи иттилоотӣ
Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Силсилаи семинар-машваратҳо оид ба андози иҷтимоӣ
Бо мақсади тақвият бахшидани корҳои тавзеҳотиву фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Файзобод оид ба масъалаҳои маъмурикунонии андози иҷтимоӣ бо иштироки шумораи зиёди андозсупорандагон машварати корӣ баргузор гардид.
Фаъолияти гурӯҳи кории муштарак
Анҷом додани корҳои назоративу таҳлилӣ яке аз омилҳои асосии ошкор намудани фаъолияти пинҳонии андозсупорандагон, пешгирии қонуншиканиҳои андоз аз ҷониби соҳибкорон ва дар ин замина ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷети мамлакат ба шумор меравад.
Семинар-машварат дар Кумитаи андоз
Дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои маъмурикунонии андози иҷтимоӣ машварати корӣ баргузор гардид. Дар машварат мутахассисону намояндагони Агентии омори назди Президенти ҶТ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, мақомоти андоз ва доираи васеи андозсупорандагон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Семинар-машварат оид ба тартиби аз андоз аз арзиши иловашуда озод намудани лоиҳаҳои мақсадноки аз ҳисоби маблағҳои гранту кредит
Дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон машварат «Оид ба тартиби аз андоз аз арзиши иловашуда, озод намудани лоиҳаҳои мақсадноки аз ҳисоби маблағҳои гранту кредит» бо иштироки роҳбарону намояндагони лоиҳаҳои грантию инвеститсионӣ баргузор гардид.
Корҳои назоратии мақомоти андоз оид ба риояи қонунгузории андоз «ҳамлаи ногаҳонӣ» шуда наметавонанд (вокуниши Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маводи Радиои Озодӣ «Ҳамлаи ногаҳонӣ» ё тафтиши навбатии матбуот?» аз 1 марти соли 2012,
Тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти андоз барои иҷрои назорати андоз нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ доир ба ҳисоби дуруст ва пардохти саривақтии андозҳо ва дигар ҷанбаъҳои андозбандӣ ва ҷамъоварии андозҳо масъулияти пурра ва истисноӣ доранд.
Мусодираи нушокиҳои спиртиии бе тамғаи аксизӣ
Дар натиҷаи гузаронидани корҳои назоратӣ аз ҷониби кормандони нозироти андози шаҳри Хуҷанд беш аз 15 ҳазору 500 адад нушокиҳои спирти мусодира карда шуд.
Санҷиши фаъолияти санъаткорон
Ба касе пӯшида нест, ки маблағҳои ҷамъоваришудаи андозҳо тибқи қонун дар бораи буҷети давлатӣ барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва барномаҳои муҳими кишвар равона карда мешаванд.
Санҷиши гурӯҳи кории Кумитаи андоз оид ба рекламаи берунӣ
Гурӯҳи кории Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба андозбандӣ ҷалб намудани субъектони ба рекламаи берунӣ фаъолиятдошта як қатор корҳои назоратӣ гузаронида, дар ин самт конуншиканиҳои зиёдеро ошкор карданд.
Вохӯрии Комиссияи ҳукуматӣ доир ба таҳияи лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав бо соҳибкорон
Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳукуматӣ доир ба таҳияи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва бахши хусусӣ баргузор гардид.
Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав
Дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ вобаста ба таҳияи лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав баргузор гардид.
Кумитаи андоз Ташкили шабакаи ягонаи иттилоотӣ
Бо мақсади иҷрои супориши Президенти мамлакат ҷиҳати ташкили шабакаи ягонаи иттилоотӣ ва таъмини табодули электронии маълумотҳо байни мақомоти андоз, гумрук ва бонкҳо ва дигар соҳаҳо имрӯз дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ баргузор гардид.








Андоз бо нигоҳи кӯдакон
Тақвими андоз
Китоби электрони шикоятҳо
Саҳми худро гузор



