8 апрел 2026 с.
Гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсионӣ дар мақомоти андоз
Санаи 3 апрели соли 2026 дар Кумитаи андоз бо иштироки роҳбарияти Кумита, аъзои гурӯҳи корӣ ва намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷаласаи гурӯҳи кории дохилиидоравии Кумитаи андоз ҷиҳати гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсионӣ дар мақомоти андоз баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:
1. Таҳлили иҷрои Нақшаи мукаммал барои соли 2025 ҷиҳати пешгирӣ, бартараф ва коҳиш додани хавфҳои коррупсионие, ки аз ҷониби гурӯҳи кории дохилиидоравии мақомоти андоз оид ба баҳодиҳии хавфҳои коррупсионӣ дар ҷараёни гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсионии Кумитаи андоз, ки бо фармоиши Раиси Кумитаи андоз аз 09.04.2025, №220 тасдиқ гардидааст.
2. Баррасии лоиҳаи рӯйхати санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи андоз, ки дар солҳои 2025-2026 қабул карда шудаанд ва барои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсионӣ пешниҳод гардидаанд.
3. Баррасии пешниҳодҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар моҳи марти соли ҷорӣ ба Кумитаи андоз ворид шудаанд.
Ҷаласаро муовини раиси Кумитаи андоз (Роҳбари гурӯҳи кории дохилиидоравӣ) Бахтиёр Султон оғоз намуда, таъкид карданд, ки муқовимат ба коррупсия яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ буда, вазифаи ҳар як фарди ҷомеа, махсусан мақомоти давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Қайд гардид, ки имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ коррупсия як падидаи номатлуб маҳсуб ёфта, аз байн бурдани он муборизаи дастаҷамъонаи тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро талаб менамояд.
Тибқи муқаррароти моддаи 162 Кодекси андоз яке аз вазифаҳои асосии мақомоти андоз муайян намудани расмиёт ва усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсионӣ мебошад.
Ҳангоми таҳлили заминаҳои қонунгузорӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ оид ба баҳодиҳии хавфҳои коррупсионӣ вобаста ба ошкор намудани ҳолатҳои зерин, аз ҷумла мавҷуд набудани меъёрҳо, нопуррагӣ ва ба таври дахлдор татбиқ нагаштани онҳо диққати махсус дода шуд.
Дар чорабинӣ сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Баҳромҷони Бобо баромад намуда, баргузории ҷаласаи Гурӯҳи кории дохилиидоравиро ҷиҳати гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсионӣ дар мақомоти андоз муҳим арзёбӣ намуда, бо кормандони мақомоти андоз дар ин самт суҳбат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дод.
Ҳамчунин дар ҷаласа иҷрои бандҳои дахлдори нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи дуюм (солҳои 2026–2030) таъкид гардид.