×
Утоқи шахсӣ
 Пардохти андозҳо ва боҷҳо
 Маркази Иттилоотӣ 151
GERB
Кумитаи андози
назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари маҷозии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд дар мавзӯи роҳнамоии рақамӣ оид ба андоз аз арзиши иловашуда барои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором.



    Рӯзҳои 28-29 октябри соли 2021 Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд (СҲИР) дар мавзӯи «Роҳнамоии рақамӣ оид ба пардохти андоз аз арзиши иловашуда барои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором» семинари маҷозӣ баргузор намуд.

Дар семинари мазкур 145 намояндагони мақомоти андози зиёда аз 40 кишвари минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, инчунин намояндагони созмонҳои байналмилалии молиявӣ, ба монанди Бонки Осиёии Рушд ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ иштирок намуданд.

Бояд қайд кард, ки семинари мазкур доир ба таҳияи воситаҳои рақамии пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) барои кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ва мубодилаи таҷриба дар ин самт бахшида шуда буд.

Дар семинари мазкур аз ҷониби Кумитаи андоз муовини аввали Раис Солеҳзода Аюбҷон Маъруф ва дигар кормандони иштирок намуданд.

Солеҳзода А.М. вобаста ба таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Идоракунии андоз аз арзиши иловашуда доир ба хизматрасониҳои электронӣ” маърӯза ироа намуд.

Дар маърӯза оид ба саҳми назарраси намояндаи Тиҷорат дар СҲИР Карл-Ҳайнс Ҳайдл дар таъмини баргузории як қатор вохӯриҳои машваратӣ бо намояндагони ширкатҳои бузурги байналмилалӣ, аз қабили Google, Facebook, Amazon, Netflix ва ғайра қайд карда шуд.

Солеҳзода А.М. қайд кард, ки дар ибтидои соли 2021 Кумитаи андоз тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2020 таҳти №1744 ба имзо расида аз 21 январи соли 2021 эътибор ҳуқуқӣ пайдо кардааст, ба 70 ширкати хориҷӣ 118 мактуби тавзеҳотӣ ирсол намуд, ки дар натиҷа то имрӯз 20 ширкати байналмиллалӣ ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда худро дар Кумитаи андоз ба қайд гирифта, дар нӯҳмоҳи соли ҷорӣ ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ андоз супориданд.

Ҳамчунин, дар семинари мазкур оид ба қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тартиби бақайдгирии таъминкунандагони хориҷии хизматрасониҳои электронӣ, пешниҳоди ҳисоботи андоз ва пардохти андозҳо тавассути утоқи шахсии андозсупоранда дар вебсайти Кумитаи андоз, маълумот дода шуд.

Дар фарҷоми суханронӣ Солеҳзода А.М. ба ташкилкунандагони семинар ҷиҳати фароҳам овардани имкони мубодилаи таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти идоракунии андоз аз арзиши иловашуда оид ба хизматрасониҳои электронӣ изҳори сипос намуда, омодагии Кумитаи андозро барои идомаи ҳамкориҳои мутақобила судманд бо созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои соҳибкорӣ иброз дошт.



©     Ҳамаи ҳуқуқ муалиф ҳифз мебошад
774018 | Ҷумҳурии Тоҷикистон | ш.Душанбе | кӯчаи Неъмат Қарабоев 42/2