×
Утоқи шахсӣ
 Пардохти андозҳо ва боҷҳо
 Маркази Иттилоотӣ 151
GERB
Кумитаи андози
назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинар-машварат оид ба муқаррароти Кодекси андоз дар таҳрири нав дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия.



    20 январи соли 2021 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия семинар-машварат тариқи рӯнамоӣ оид ба «Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав» дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ кормандони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорони тоҷики муқими Федератсияи Русия, намояндагони Консулгариҳои генералӣ ва дигар намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия иштирок намуданд.

Чорабинии мазкурро Роҳбари намояндагии дипломатӣ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ифтитоҳ намуда, оид ба ҳадафҳои қабули Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав суханронӣ намуд.

Сафир изҳор дошт, ки Кодекси нави андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ва дохилӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шуда, аз соҳибкорони тоҷики муқими Россия даъват ба амал овард, ки ба соҳаҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона сармоягузорӣ намоянд.

Сипас муовини якуми Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбҷон Солеҳзода оид ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав баромад намуд.

Қайд карда шуд, ки ҳадаф аз қабули Кодекси андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, ин таъмини рушди устувори иқтисодии кишвар тавассути фароҳам овардани фазои мусоиди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, қабл аз ҳама ба соҳибкории истеҳсолӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва таҳкими афзоиши манбаъхои нави андозбандӣ ва даромади буҷаи давлатӣ мебошад.

Зикр гардид, ки таҳрири нави Кодекси андоз бо назардошти таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ва бо назардошти принсипи муайянии андозӣ таҳия шудааст, ки ба ҳамаи субъектҳои соҳибкорӣ барои дарки муқаррароти он имкониятҳои баробар фароҳам оварда, ихтилофот ва баҳсҳоро бартараф менамояд.

Тибқи муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард аз рӯйхати андозҳо хориҷ карда шуда, шумораи умумии андозҳо аз 10 намуд ба 7 намуд кам карда шуд.

Меъёри андоз аз арзиши иловашуда аз 18 то 15 фоиз кам карда шуда, дар назар аст, ки дар давраи то соли 2027 меъёри ин андоз то 13 фоиз кам карда шавад.

Дар таҳрири нави Кодекси андоз меъёрҳои андоз аз даромади шахсони воқеӣ бекор карда шуда, меъёри ягонаи 12 фоиза муқаррар карда шудааст.

Дар Кодекси андоз барои корхонаҳои истеҳсолӣ меъёри андоз аз даромад 13 фоиз, барои муассисаҳои молиявӣ ва ширкатҳои мобилӣ аз 23 фоиз ба 20 фоиз ва дигар намудҳои фаъолият аз 23 фоиз ба 18 фоиз кам карда шудааст. Меъёри андози иҷтимоӣ барои суғуртакунандагон аз 25 фоиз ба 20 фоиз кам карда шуд.

Дар интиҳо миёни ширкаткунандагон суҳбату табодули афкори судманд сурат гирифта, аз ҷониби иштирокдорон як қатор саволҳо ба миён гузошта шуданд, ки ба онҳо Аюбҷон Солеҳзода посухҳои муфассал дод.



©     Ҳамаи ҳуқуқ муалиф ҳифз мебошад
774018 | Ҷумҳурии Тоҷикистон | ш.Душанбе | кӯчаи Неъмат Қарабоев 42/2