×
Утоқи шахсӣ
 Пардохти андозҳо ва боҷҳо
 Маркази Иттилоотӣ 151
GERB
Кумитаи андози
назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эълон оиди «Суди саҳмияҳо»

Эълон


 Андозсупорандагони муҳтарам!


 Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо мақсади баррасии якҷояи қарори қабулнамудаи муассисон доир ба истифодабарии фоидаи баъди андозбандӣ боқимонда барои натиҷаи фаъолияти молиявии соли 2019, дар толори маҷлисгоҳи Раёсати андози андозсупорандагони калон (воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кўчаи Шамсӣ 5/3) санаи 4 сентябри соли 2020 семинар-машварат баргузор намояд.

 Бинобар ин, хоҳишмандон метавонанд, дар кори семинар-машварат иштирок намоянд.

 Дар сурати пайдо гардидани хоҳиши иштирок дар кори семинар–машварат, Шумо метавонед ба нозири мутасаддӣ ва ё рақами телефони содакардашудаи 151 ба Кумитаи андоз муроҷиат намоед.

 Кумитаи андози назди
 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

©     Ҳамаи ҳуқуқ муалиф ҳифз мебошад
774018 | Ҷумҳурии Тоҷикистон | ш.Душанбе | кӯчаи Неъмат Қарабоев 42/2