×
Утоқи шахсӣ
 Пардохти андозҳо ва боҷҳо
 Маркази Иттилоотӣ 151
GERB
Кумитаи андози
назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вокуниши Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақолаи Пайрав Чоршанбиев дар мавзӯи «Панҷ масъалаи соҷибкорони Тоҷикистон, ки ҷал нашудаанд», ки дар сомонаи Азия-плюс санаи 14 октябри соли 2021 нашр шудааст.


Вокуниши
Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақолаи Пайрав Чоршанбиев дар мавзӯи «Панҷ масъалаи соҳибкорони Тоҷикистон, ки ҳал нашудаанд», ки дар сомонаи Азия-плюс санаи 14 октябри соли 2021 нашр шудааст.



Доир ба гаронии андоз.

Дар мақола қайд карда шудааст, ки «Сарбории андоз барои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон пас аз қабул гардидани Кодекси амалкунандаи андоз дар соли 2013 нисбатан кам шуда бошад ҳам, аммо Ҷумҳурӣ ҳанӯз дар миёни давлатҳои сатҳи баланди андозбандӣ қарор дорад. Тибқи охирин маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ корхонаи миёна дар Тоҷикистон 65 фоизи даромадҳои худро ба пардохти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ равона менамояд.»

Пеш аз ҳама бояд қайд намуд, ки Кодекси амалкунанда на соли 2013, балки соли 2012 қабул гардида, аз соли 2013 мавриди амал қарор дода шудааст. Инчунин, дар мақола қайд нагардидааст, ки «охирин маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ» ба кадом сол тааллуқ дорад (зеро ин омил муҳим мебошад), ё муаллиф таҳти истилоҳи «корхонаи миёна» кадом субъектҳоро дар назар дорад.

Ба ҳамин тариқ, мақола аз оғози худ муҳокимарониҳои умумии беасосро дар бар гирифта, бе ба инобат гирифтани муқаррароти қонунгузории андоз, методологияи Бонки Ҷаҳонӣ ва санаи хулосабарории он таълиф карда шудааст.

Дар воқеъ, тибқи муқаррароти Кодекси андози амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйироту иловаҳои солҳои минбаъда ба он ворид карда шуда, ҷиҳати ҳавасманднамоии фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, алалхусус соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ имтиёзот ва сабукиҳои зиёд пешбинӣ гардидааст, ки дар натиҷа гаронии андозро барои субъектҳои соҳибкорӣ коҳиш додааст.

Илова бар ин, дар ин давра дар натиҷаи ислоҳоте, ки тибқи “Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2011-2019” гузаронида шуд, барои андозсупорандагон зиёда аз 60 намуди хизматрасониҳо дар шакли электронӣ ҷорӣ гардида, маъмурикунонии андоз беҳтар карда шуд (маълумоти пурра дар бораи имтиёзоти зиёди андозӣ дар сомонаи Кумитаи андоз ҷойгир карда шуда, оид ба имтиёзоти мазкур Кумитаи андоз дар расонаҳои хабарӣ чандин маротиба маълумоти муфассал низ ба чоп расонидааст).

Дар маҷмуъ, имтиёзҳои фискалӣ (андозӣ ва гумрукӣ), ки ба дастгирии сармоягузорон ва соҳибкорон равона карда шудаанд, дар қонунгузории амалкунанда назаррас буда, тибқи таҳлилҳои Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ 85 фоизи шумораи умумии ҳавасмандгардониҳо ба имтиёзҳои фискалӣ ва 15% ба имтиёзҳои ғайрифискалӣ рост меояд.

Мутаассифона, чунин маълумот аз ҷониби муаллифи мақола ба инобат гирифта нашудааст, ки ҳолати мазкур аз воқеъбинона набудани мавқеи муаллиф ва огаҳии дуруст надоштани ӯ аз давраҳои баҳогузории Бонки Ҷаҳонӣ ва ислоҳоти аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидашуда, аз ҷумла дар соҳаи андоз, шаҳодат медиҳад.

Вобаста ба ин ёдовар мешавем, ки рақами дар мақола овардашуда ба ҳисоботи Бонки Ҷаҳонӣ дар соли 2018 тааллуқ дошта, дар давраи пас аз он, қонунгузории андоз такмил дода шуда, ҷиҳати беҳтар намудани маъмурикунонии андоз низ чораҳои мушаххас андешида шудааст, ки дар натиҷа иҷрои уҳдадориҳои андоз аз ҷониби субъектҳои соҳибкорӣ содатар ва қулайтар гардида, сатҳи гаронии андоз низ коҳиш дода шудааст.

Бояд қайд намуд, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ҷиҳати муайян намудани гаронии андоз вобаста аз мақсад ва ҳадафҳои гузаронидани таҳлилҳо, якчанд усулҳо ва методологияҳо истифода карда мешаванд, ки аз ҳамдигар ба куллӣ фарқ доранд.

Бинобар ин, тибқи методологияҳои созмонҳо ва ташкилотҳои байналмилалии дахлдор (аз ҷумла, Бонки Ҷаҳонӣ) оид ба муайян намудани вазни қиёсии маҷмӯи андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ, баҳогузории мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандиҳои тартибдодаи онҳо гуногун мебошад.

Тибқи методологияи Бонки Ҷаҳонӣ барои ҳисоб намудани гаронии андози корхонаи истеҳсолӣ, вазни қиёсии маҷмӯи андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ дар фоидаи тиҷоратии корхонаи истеҳсолӣ муайян карда мешавад.

Фоидаи тиҷоратии корхонаи истеҳсолӣ бошад, тибқи методологияи Бонки Ҷаҳонӣ, бо роҳи зарби коэффитсиенти аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ муайяншуда (59,4) ба ҳаҷми маҷмуи даромади миллӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар нафар аҳолӣ, ҳисоб карда мешавад.

Доир ба номукаммал ва ғайривоқеъбинона будани чунин методологияи баҳогузории муҳити соҳибкории давлатҳо, аз ҷониби якчанд давлатҳо эродҳо пешниҳод гардида буд (маълумот вобаста ба масъалаи мазкур дар расонаҳои гуногун нашр шудааст, аз ҷумла санаи 5 ноябри соли 2019 ва санаҳои 16 ва 17 сентябри соли 2021 мутаносибан дар сомонаҳои www.kommersant.ru ва knews.kg ).

Бинобар ин, тибқи эродҳои давлатҳо ва бо назардошти номутобиқатии маълумотҳо (нишондиҳандаҳо) дар ҳисоботҳои Бонки Ҷаҳонӣ “Пешбурди соҳибкорӣ” барои солҳои охир, роҳбарияти Бонки Ҷаҳонӣ таҳия ва нашри ҳисобот оид ба “Пешбурди соҳибкорӣ”-ро қатъ намудааст (маълумот дар ин бора дар расонаҳои дахлдор нашр шудааст, аз ҷумла санаи 16 сентябри соли 2021 дар сомонаи расмии Бонки Ҷаҳонӣ (www.vsemirnyjbank.org) ва санаи 17 сентябри соли 2021 аз ҷониби худи муаллифи мақола дар сомонаи “Asia-Plus (asiaplustj.info)).

Бояд қайд намуд, ки тайи солҳои охир дар сомонаҳо такрор ба такрор дар сатҳи нисбат ба сатҳи воқеӣ баландтар нишон додани гаронии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҷалби сармоягузориҳо таъсири манфӣ расонида, метавонад боиси коҳиш ёфтани нуфузи давлат дар арсаи байналмилалӣ нисбат ба фароҳам овардани фазои мусоиди соҳибкорӣ гардад.

Вобаста ба масъалаи гаронии андоз барои маълумот ба таваҷҷуҳи муаллифи мақола мерасонем, ки субъектҳои соҳибкорие (аз ҷумла молистеҳсолкунандагоне), ки тибқи низоми содакардашудаи андозбандӣ фаъолият менамоянд (ва шояд муаллиф “корхонаи миёна гуфта”, чунин субъектҳоро дар назар дошта бошад), тибқи муқаррароти боби 43 Кодекси андоз аз даромади умумӣ танҳо андози низоми содакардашударо аз рӯи амалиёти ғайринақдӣ ба андозаи 4% ва амалиёти нақдӣ бо меъёри 5%, ё ҳангоми мустақилона интихоб намудани усули “даромад - тарҳи хароҷот”, аз рӯи амалиётҳои ғайринақдӣ бо меъёри 13% ва аз рӯи амалиёти нақдӣ - 14% (на ин ки 65 фоиз) ҳисоб ва ба буҷети давлатӣ пардохт менамоянд.

Тибқи муқаррароти бобҳои 17 ва 25 Кодекси андоз бошад, субъектҳои соҳибкории истеҳсолие, ки дар низоми умумии андозбандӣ қарор доранд, аз даромади (объекти) андозбандишаванда андозҳои зеринро ҳисоб ва пардохт менамоянд: андоз аз фоида ба андозаи 13 фоиз, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард - 0,25 фоиз ва ҳамчун суғуртакунанда андози иҷтимоӣ ба андозаи 25 фоиз (тибқи методологияи Бонки Ҷаҳонӣ барои ҳисоб намудани вазни қиёсии маҷмӯи андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ дар фоидаи тиҷоратии корхона андоз аз арзиши иловашуда (18 фоиз) ба инобат гирифта намешавад).

Барои маълумот ба таваҷҷуҳи муаллифи мақола ва дигар коршиносон мерасонем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.01.2020, №1676 меъёри 1-фоизаи андоз аз даромади умумии корхонаҳо аз моддаи 109 Кодекси андоз хориҷ карда шуд. Яъне, тибқи тағйироти мазкур новобаста аз он, ки фаъолияти молиявии солонаи корхона бо зарар ҷамъбаст шудааст ва ё маблағи ҳисобшудаи андоз аз фоида аз 1 фоизи даромади корхона кам аст, корхона минбаъд уҳдадор намебошад, ки андоз аз фоидаро аз даромади умумии солонаи худ на кам аз 1 фоиз ҳисоб ва ба буҷет пардохт намояд.

Тағйироти номбурда нишондиҳандаи гаронии андозро дар маҷмӯи андозҳои пардохтшаванда нисбат ба фоидаи корхонаҳои истеҳсолӣ кам намуд ва дар сурати идома ёфтани таҳияи Ҳисоботи Бонки Ҷаҳонӣ “Пешбурди соҳибкорӣ”, дар он доир ба сатҳи гаронии андоз тамоман дигар рақам (пасттар) дарҷ карда мешуд. Дар ҳар сурат, яъне сарфи назар аз омода нагардидани Ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” гаронии воқеии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айни замон нисбат ба солҳои қаблӣ ба ҳадди назаррас коҳиш дода шудааст ва омили мазкур бояд аз ҷониби муаллифи мақола ба инобат гирифта мешуд.

Бояд қайд намуд, ки қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба монанди қонунгузории андози давлатҳои дигар) яке аз институтҳои нисбатан мураккаби таркиби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои муайян намудани таркиби андоз ва андозбандӣ донишҳо ва таҷрибаи кории амалии махсусро тақозо менамояд.

Бинобар ин, Кумитаи андоз бо мақсади аз муқаррароти қонунгузории андоз (пеш аз ҳама оид ба сабукӣ ва имтиёзҳои андозӣ ва ҳуқуқҳои андозсупоранда) огаҳии бештар пайдо намудани шаҳрвандон ва андозсупорандагон, аз ҷумла кормандони васоити ахбори омма, дар сомонаи расмии худ (www.andoz.tj) тамоми маводҳои вобаста ба масъалаҳои андоз ва андозбандиро ҷойгир намудааст, ки шаҳрвандон ва андозсупорандагон метавонанд аз он бе ягон маҳдудият истифода намоянд. Дар баробари ин, дар сомонаи Кумитаи андоз бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии андозсупорандагон ва шаҳрвандон, осон ва қулай намудани кори онҳо видео-роликҳои омӯзишӣ, барномаҳои телевизионии таҳиянамудаи Кумитаи андоз, семинар-машваратҳои тариқи онлайн гузаронидашуда, саволнома ва ҷавобҳо ба саволҳо ҷойгир карда шудааст. Бинобар ин, муаллифи мақола низ метавонист, аз маълумотҳои (аз ҷумла муқаррароти қунунгузории андоз) дар сомонаи Кумитаи андоз ҷойгирбуда истифода намуда, доир ба андоз ва андозбандӣ мақолаи воқеъбинона омода ва нашр намояд.

Аммо, мутаассифона, маълумоти мақола ҷиҳати гӯё дар айни замон 65 фоизро ташкил намудани даромади соҳибкорон барои пардохти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, маънои аз ҷониби ӯ ба инобат гирифта нашудани натиҷаи ислоҳоти аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаи андоз гузаронидашударо дошта, асоси ҳуқуқӣ надошта, куллан нодуруст мебошад.

Ҳамзамон, ёдрас менамоем, ки дар лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, таъмини рушди устувори иқтисоди кишвар бо роҳи фароҳам овардани фазои муносиби андозбандӣ ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳо, ҳавасмандгардонӣ ва мусоидат ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ, алалхусус соҳибкории истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, таъмини воридоти устувори маблағи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ, таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.09.2021, №351 маъқул дониста шудааст (дар баррасии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад), имтиёзҳои андозии амалкунанда нигоҳ дошта шуда, дар он барои соҳибкорон ва сармоягузорон як қатор имтиёзҳо ва сабукиҳои иловагӣ пешбинӣ карда шудааст.

Аз ҷумла, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард аз номгӯи андозҳо хориҷ гардида, меъёри андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ (андоз аз фоида) барои фаъолияти истеҳсолӣ ба андозаи имтиёзноки 13 фоиз нигоҳ дошта шуда, барои истихроҷи захираҳои табиӣ ва дигар намуди фаъолият меъёри 18 фоиз, барои ташкилотҳои молиявию қарзӣ ва ширкатҳои мобилӣ ба андозаи 20 фоиз, яъне аз меъёри амалкунанда 3 фоиз камтар пешбинӣ карда шудааст.

Бо мақсади бо кишварҳои ҳамсоя ва шарикони асосии тиҷоратӣ баробар намудани сатҳи андозбандӣ, дар лоиҳаи Кодекси андоз меъёрҳои андоз аз арзиши иловашуда аз 18 фоиз (амалкунанда) ба 15 фоиз паст карда шуда, дар баробари ин аз 1 январи соли 2022 то 1 январи соли 2027 давра ба давра аз 15 то ба 13 фоиз паст намудани меъёри ин намуди андоз пешбинӣ гардидааст.

Илова бар ин, бо мақсади таъмини шаффофияти баҳисобгирӣ, аз ҷониби субъектҳои соҳибкорӣ дар ҳисоботҳо нишон додани шумораи воқеии кормандон ва музди миёнаи моҳона, меъёри андози иҷтимоӣ барои суғуртакунандагон аз 25 фоиз ба 20 фоиз паст карда шудааст.

Дар лоиҳа меёърҳои андози даромади шахсони воқеӣ - 8 ва 13 фоиз бо меъёри 12 фоиз иваз карда шуда, тарҳи шахсӣ (маблағи аз андозбандӣ озод) ба ҷойи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар ҳаҷми ду нишондиҳанда пешбинӣ гардидааст.

Ҳамзамон, ёдовар мешаем, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2019, №643 “Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025” қабул гардидааст ва дар назар аст, ки татбиқи амалии Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва Барномаи мазкур ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, фароҳам овардани муҳити рақобати солим ва коҳиш додани сатҳи иқтисоди пинҳонӣ, рақамикунонии фаъолияти мақомоти андоз, ба роҳ мондани ҳамкории фосилавӣ бо андозсупорандагону мақомоти давлатӣ ва дар ин замина кам кардани истифодаи ҳуҷчатҳои коғазӣ, баланд бардоштани фарҳанг ва интизоми андозсупории андозсупорандагон ва сифатан беҳтар намудани фаъолияти мақомоти андоз, инчунин минбаъд боз ҳам пасттар гардидани сатҳи гаронии андоз мусоидат менамояд.

Доир ба санҷишҳои андозӣ.

Дар мақола қайд карда шудааст, ки тибқи гуфтаҳои намояндаҳои соҳибкорони хурду миёна ва роҳбарияти ширкати ҳуқуқии “Ҳимоя”, аз ҷониби кормандони мақомоти андоз дар фаъолияти соҳибкорон пайваста санҷишҳо ва ҳатто гӯё санҷишҳои ғайриқонунӣ гузаронида мешавад.

Вобаста ба масъалаи мазкур бояд қайд намуд, ки дар асл чунин хулосабарориҳо нисбат ба фаъолияти мақомоти андоз асоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ надорад. Зеро, қонунгузории андоз (бобҳои 5 ва 6 Кодекси андоз ва Дастурамал «Оид ба гузаронидани санҷишҳои андоз» (Дастурамали мазкур дар сомонаи Кумитаи андоз ҷойгир карда шуда, барои ҳама дастрас мебошад) шаклҳои назорати андоз, тартиб, расмиёт, муҳлат, банақшагирӣ ва раванди гузаронидани санҷишҳои андозро пурра ва мушаххас муқаррар намудааст ва аз ҷониби кормандони мақомоти андоз риоя гардидани муқаррароти мазкур ҳангоми таъин намудан ва гузаронидани санҷишҳои андоз аз тарафи роҳбарияти Кумитаи андоз пайваста назорат карда мешавад

Тибқи муқаррароти Кодекси андоз ва Дастурамали номбурда тамоми санҷишҳои андоз дар асоси амрномаи дахлдори роҳбарияти мақомоти андоз амалӣ гардида, бе қабули чунин амрнома дар фаъолияти субъекти соҳибкорӣ гузаронидани санҷиши андоз ғайриимкон буда, ҳама гуна санҷишҳои ҳуҷҷатии андоз дар Дафтари бақайдгирии санҷишҳо, ки ҳар як субъекти соҳибкорӣ аз тарафи мақомоти андоз бо он ройгон таъмин карда шудааст, ҳатман сабт карда мешавад.

Бояд қайд намуд, ки сарфи назар аз фароҳам овардани шароити мусоиди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, сода ва қулай намудани ҳисоб ва пардохти андозҳо дар натиҷаи рақамикунонии соҳа ва ба роҳ мондани хизматрасониҳо дар шакли электронӣ, мутаассифона, ҳануз ҳам қисме аз субъектҳои хоҷагидорӣ дидаю дониста ба қонунвайронкуниҳо роҳ медиҳанд. Аз ҷумла бидуни қайд дар мақомоти андоз ба фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ машғул мегарданд, ё ба қайди давлатӣ гирифта шуда бошанд ҳам, объектҳои андозбандии худро пинҳон менамоянд, эъломияҳои андозии худро сари вақт пешниҳод намекунанд, маблағҳои ҳисобшударо дар ҳаҷмҳои пурра ва сари вақт ба буҷети давлатӣ пардохт наменамоянд.

Дар 9 моҳи соли 2021 дар натиҷаи тибқи тартиби муқарраршуда гузаронидани санҷишҳои амалиётӣ зиёда аз 3,5 ҳазор ҳолати бидуни қайд дар мақомоти андоз ба фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ машғул гардидани шахсони воқеӣ ошкор карда шуд, ки онҳо дар рафти санҷиш аз ҷониби мақомоти андоз расман ба қайд гирифта, бо патент ё шаҳодатномаи соҳибкорӣ таъмин карда шуданд.

Чуноне, ки аз рақамҳои боло бармеояд, сарфи назар аз он ки дар қонунгузории андоз принсипи мустақилона ҳисоб ва пардохт намудани андозҳо муқаррар шуда бошад ҳам, як қатор андозсупорандагон фарҳанги пасти андозсупорӣ зоҳир намуда, то мақомоти андоз тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бо онҳо корбарӣ накунанд, иҷрои уҳдадории андозии худро таъмин наменамоянд.

Вобаста ба ин бояд қайд намуд, ки мақомоти андоз бо мақсади таъмини риояи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дуруст ҳисоб, пурра ва сари вақт ба буҷети давлатӣ ворид намудани маблағи андозҳо, тибқи қонунгузории андоз вазифадор мебошанд, ки нисбат ба субъектҳои хоҷагидоре, ки ба қонунвайронкуниҳои андоз роҳ додаанд, тибқи муқаррароти қонунгузорӣ чораҷӯӣ намояд.

Бинобар ин, шояд дар ҳолати дар мақола қайд гардида, эҳтимолияти қонунвайронкунии андоз ҷой дошта бошад, ки боиси ба субъект ташриф овардани кормандони мақомоти андоз гардидааст.

Ёдрас менамоем, ки дар Кумитаи андоз бо мақсади пешгирӣ намудани амали ғайриқонунии (ё беамалии) кормандони мақомоти андоз почтаи электронии Кумитаи андоз ва Маркази тамос бо истифодаи рақамҳои содакардашудаи телефонии “151”, “152” ва телефони боварии Раиси Кумитаи андоз ба роҳ монда шудааст ва шаҳрвандону андозсупорандагон метавонанд аз ин имкониятҳо истифода бурда, роҳбарияти Кумитаро (ҳатто бе нишон додани ному насаби худ) оиди беамалӣ ё қонунвайронкуниҳои кормандони мақомоти андоз огоҳ намоянд (аз ҷумла, дар ҳолати дар мақола нишондодашуда, агар чунин ҳолат ҷой дошта бошад, соҳибкорон метавонистанд аз ин имконият истифода намоянд ва қобили қайд аст, ки аз ҷониби намояндаи ширкати “Ҳимоя” номи соҳибкор ба сардори раёсати дастгоҳи марказӣ пешниҳод карда нашуд, то ин ки дар ҳолати тасдиқ гардидани қонунвайронкунӣ, аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи андоз нисбат ба кормандон тибқи қонунгузорӣ чораҷӯӣ карда шавад).

Аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи андоз муроҷиатҳои шаҳрвандон ва андозсупорандагон мавриди баррасӣ ва дар ҳолатҳои дахлдор мавриди санҷиши хизматӣ қарор дода шуда, нисбати кормандони ба қонунвайрокунӣ роҳдода тибқи тартиби муқарраршуда чораҳои фаврӣ ва қатъӣ андешида мешавад.

Дар мавриди гузаронидани санҷишҳо қайд менамоем, ки татбиқи амалии “Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2011-2019” ва дар доираи он гузаронидани рақамикунонии соҳа, аз ҷумла ба роҳ мондани табодули электронии маълумотҳо бо Хадамоти гумрук ва дар низоми мустақим (онлайн) қабул намудани маълумоти омории гумрукӣ, ҷорӣ намудани коркарди электронии маълумотҳо, тақвият бахшидан ба ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дар баробари ин, баланд бардоштани масъулияти кормандони мақомоти андоз имкон додааст, ки санҷишҳои андоз ҳаддалимкон маҳдуд гардида, санҷишҳои беасос ва ғайринақшавӣ пешгирӣ карда шуда, ҳамзамон самаранокии фаъолияти мақомоти андоз дар самти гузаронидани санҷишҳои андоз зиёд карда шавад.

Дар ин асос, аз соли 2013 оғоз намуда, банақшагирӣ ва гузаронидани санҷишҳо аз ҷониби мақомоти андоз тибқи таҷрибаи байналмилалӣ бо истифодаи усули Системаи идоракунии хавфҳо ба роҳ монда шуда, тибқи он барои санҷиш андозсупорандагоне интихоб карда мешаванд, ки дар фаъолияташон хавфи баланди риоя накардани қонунгузории андоз вуҷуд дорад. Яъне, дар асоси маълумоти дастрасшуда ва коркарди он дар навбати аввал барои санҷиши андоз чунин андозсупорандагоне интихоб карда мешаванд, ки онҳо ба вайронкунии қонунгузории андоз роҳ додаанд, аз ҷумла эъломияҳои андозии худро сари вақт пешниҳод накардаанд, маблағҳои ҳисобшударо дар ҳаҷмҳои пурра ва сари вақт пардохт наменамоянд, ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мол ворид намуда, аммо оиди фурӯши минбаъдаи он эъломия пешниҳод намесозанд, ё эъломия пешниҳод намоянд ҳам, ҳаҷми воқеии воридоти молро пурра нишон намедиҳанд, арзиши молҳоро дар муқоиса бо дигар андозсупорандагон, ки дар ин соҳа фаъолият доранд, паст нишон медиҳанд, фаъолияташонро пайваста бо зарар ҷамъбаст менамоянд ва ғайраҳо.

Бо назардошти аз рӯи критерияҳои хавфҳо мавриди санҷиш қарор додани фаъолияти андозсупорандагон ва дигар маҳдудиятҳои дар қонунгузорӣ нисбат ба санҷишҳо пешбинигардида, инчунин маҳдуд будани шумораи санҷишгарон (дар мақомоти андоз ҳамагӣ 50 нафар кормандон ҳуқуқ доранд аз рӯи уҳдадориҳои мансабиашон санҷишҳои маҷмӯӣ гузаронанд) мақомоти андоз имкон доранд ҳамасола танҳо фаъолияти 2-3 фоизи андозсупорандагонро бо санҷишҳои маҷмуии андоз фаро гиранд, ки дар низомҳои умумӣ ва содакардашудаи андозбандӣ (аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ тибқи шаҳодатнома) фаъолият намуда, тибқи тартиби муқарраршуда дар мавқеи хавф қарор дошта, санҷиши фаъолияти онҳо ба нақша гирифта шудааст. Бинобар ин, ҳиссаи санҷишҳо нисбат ба шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор давра ба давра кам шуда, агар дар соли 2018 ин нишондиҳанда – 2,8 фоизро ташкил дода бошад, пас дар соли 2019 ба 2,3 фоиз ва дар соли 2020 ба 1,5 фоиз баробар гардидааст.

Роҳбарияти Кумитаи андоз ҷиҳати аз ҷониби кормандони мақомоти андоз минбаъд ҳам бо риояи ҳатмии қонунгузорӣ гузаронидани корҳои назоратӣ, аз ҷумла санҷишҳои андоз, чораҳои иловагӣ меандешад.

Доир ба масъалаи имтиёзҳои “ноодилонаи” андозӣ.

Вобаста ба масъалаи мазкур пеш аз ҳама ёдрас менамоем, ки бо мақсади таъмини ҳавасмандгардонии молиявию иқтисодии андозсупорандагон ҷиҳати рушд додан ва васеъ намудани фаъолияти соҳаҳои афзалиятнок ва муҳим дар қонунгузории андоз тартиби пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, кам кардани сарбории андоз, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина тақвият бахшидан ба ҳадафҳои миллӣ, аз ҷумла таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар муқаррар карда шудааст.

Арзёбии имтиёзоти пешниҳодшуда аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар натиҷаи тибқи тартиби муқарраршуда дастгирӣ ва ҳавасманд намудани соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт субъектҳои нави истеҳсолӣ таъсис дода шуда, давра ба давра рушд ёфта, ҷойҳои нави корӣ ба миён омада истодааст.

Ба ҳамин тариқ, гуфтаҳои боло аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мақолае, ки дар сомонаи Азия плюс ҷойгир карда шудааст, мутаассифона, бе асоснокии кофӣ ва бе таҳлилу омӯзишҳои дақиқ омода гардида, ғайривоқеъбинона мебошад.

Бинобар ин, ба мақсад мувофиқ мебошад, ки дар чунин ҳолатҳо ҳангоми омода намудани мақолаҳо барои чоп, ҷиҳати пешгирӣ намудани ноаниқиҳо ва нофаҳмоиҳо ва ба иштибоҳ набурдани хонандагон, маводи он дар асоси маълумотҳои аниқ асоснок карда шавад.

Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишастҳои матбуотӣ ва дигар вохӯриҳо бо намояндагони воситаҳои ахбори омма пайваста таъкид менамояд, ки барои ҳамкорӣ бо расонаҳои хабарӣ омода буда, умед дорад, ки чунин ҳамкориҳо бо мақсади ба коршиносон, андозсупорандагону шаҳрвандон дастрас намудани маълумоти ҳарчӣ бештар ва аниқ оид ба ҳолати воқеии татбиқи қонунгузории андоз, беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, вазъи андозбандии субъектҳои хоҷагидор ва самтҳои дигари фаъолияти соҳа, тақвият меёбад.

Маркази матбуоти

Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


©     Ҳамаи ҳуқуқ муалиф ҳифз мебошад
774018 | Ҷумҳурии Тоҷикистон | ш.Душанбе | кӯчаи Неъмат Қарабоев 42/2