• Хабарҳои охирин
  • Эълонҳо
  • Ҷойхои кори

Пешбурди Феҳристи ягонаи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ қадамест дар роҳи гардиши электронии иттилоот

4 феврал 2020 с.

Пешбурди Феҳристи ягонаи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ
қадамест дар роҳи гардиши электронии иттилоот ва
соддагардонии расмиёт барои андозсупоранда


Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» яке аз рӯйдоди муҳим ва оғозбахши гардиши электронии иттилоот дар системаи маъмурикунонии андоз ба ҳисоб меравад .

Бо дарназардошти аҳамияти Қонуни мазкур, дар сомонаи расмии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври возеҳ нишон дода шудааст, ки қабули чунин қонуни фавқулодда на танҳо маънои содда кардани системаи бақайдгирии андозсупорандагон дар Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро дорад, балки Қонуни мазкур қадами ҷиддӣ ба сӯи гардиши электронии иттилоот ва соддакунии назарраси тамоми тартиботи андоз барои андозсупорандагон аст. Дар ин асос, Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ махзани маълумотест, ки дар сомонаи расмӣ ҷой дода шуда, ба тариқи автоматӣ метавон пурра гардонида шавад, илова ва ё ихтисор карда шавад. Сиёсати такмилоти маъмурикунонии андоз низ пурра ба сарфаи вақти анҷом додани расмиёти бюрократии андоз аст, сарфаи вақти ҳам андозсупоранда ва ҳам кормандони мақомоти андоз аст, куллан аз байн бурдани тамси шахсии корманди хадамоти андоз бо андозсупоранда мебошад, ки яке аз омилҳои таъсиррасони ҳолатҳои коррупсия дар системаи андоз мебошад.

Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии таъсисёбӣ, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии шахсони ҳуқуқӣ, бақайдгирии давлатии шахсони воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ, қатъ намудани фаъолияти онҳо, бақайдгирии давлатии таъсис ва қатъ гардидани фаъолияти филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ танзим менамояд ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро чун махзани интернетиро таменамояд. Яъне, Феҳристи ягонаи давлатӣ - махзани ягонаи давлатии иттилоотӣ дар бораи шахсони ҳуқуқӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои онҳо, соҳибкорони инфиродӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ мебошад.

Талаботи муосир ба заминаи ҳуқуқии бақайдгирии фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ тағйироти назаррасро тақозо менамояд, ки аз ҳадафҳои рушди устувор ва чораҳои афзалиятнок бар меоянд. Бидуни андешидани чунин тадбирҳо, гузариш ба гардиши электронии иттилоот, аз ҷумла бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва шахсони воқеӣ, пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ тибқи талаботи муосир хеле душвор мегардад, ва ҳатто имконпазир нест. Муомилоти электронии иттилоот, аз ҷумла бақайдгирии электронӣ, равандест, ки вақти бақайдгирии давлатии соҳибкоронро коҳиш медиҳад ва як қатор расмиёти бюрократиро аз байн мебарад. Ҳамин тавр, агар қабули Қонун дар бораи бақайдгирии давлатӣ 13 расмиётро дар бар гирад, ки ба он тақрибан 50 рӯз вақт сарф мегардид, пас аз қабули қонун ва мувофиқаи стандартҳои маъмурикунонии андоз, дар маҷмӯъ 3 расмиёти оддиро дар бар мегирад, ки қадами хеле назаррас аст, ва фақат аз 5 рӯз ва барои бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва барои шахсони воқеӣ танҳо 3 рӯзро талаб мекунад. Тартиби нави бақайдгирии давлатӣ, ки пурра ба гардиши электронӣ асос ёфтааст, на танҳо вақти андозсупорандаро сарфа менамояд, балки вақти корманди хадамоти андозро низ сарфа менамояд, зеро чунин амал бидуни тамоси шахсӣ сурат мегирад.

Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2009 с., №5, моддаи. 316; 2010 с., №12, қ. 1, моддаи 828; 2012 с., №12, қ. 1 моддаи 1006; 2015 с., №11, моддаи 972; қонуни ҶТ аз 14.05.2016 с., № 1319. Бо қонуни мазкур дар қисмати «қонунҳо»-и сомонаи расмии Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ шинос шудан мумкин аст.

Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ махзани маълумоти бақайдгирии андозсупорандагон мебошад, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори идоракунии давлатӣ мунтазам пеш бурда мешавад ва ин мақоми ваколатдор Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аммо, моҳияти масъала бо як тафсил дар ин шакли равшан ва тасдиқшуда тағйир медиҳад. Ин тафсилот дар он аст, ки ин махзани маълумот танҳо дар шакли электронӣ таҳия ва нигоҳ дошта мешавад.

Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ аз инҳо иборат аст: 1) маълумот дар бораи андозсупорандагон; 2) иттилоот дар бораи шахсони ҳуқуқӣ, намояндагони филиалҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ ва (3) иттилоот дар бораи соҳибкорони инфиродӣ.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ба соҳибкор лозим нест, ки барои бақайдгирии андоз ариза пешниҳод кунад. Бақайдгирии андоз тавассути бақайдгирии соҳибкор дар Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ аз тариқи механизми электронӣ ва интернетӣ сурат мегирад.

Феҳрист маълумотро дар бораи ҳамаи шаҳрвандон ва ташкилотҳое, ки дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шудаанд, дар бар мегирад. Имкониятҳои техникии Феҳрист хеле фарох аст. Феҳрист метавонад маълумот оид ба молу мулки ғайриманқули шахси мушаххас (ташкилот), маълумот дар бораи иҷозатномаҳои ба ӯ додашуда ва дигар маълумоти гуногунро дар худ нигоҳ дорад. Феҳрист ба таври худкор таҷдид ва илова карда мешавад.

Феҳристро нозироти минтақавии андоз тартиб дода, дар сатҳи Ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст карда мешавад. Иттилооти асосӣ ба Феҳрист ҳангоми бақайдгирии аввалияи соҳибкорон ва ташкилотҳо ворид карда мешавад. Омили соддатар кардани бақайдгирии андозсупоранда ва манфиати он дар он аст, ки ҳуҷҷате, ки ворид намудани маълумотро ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ тасдиқ менамояд, ҳамзамон чун огоҳинома дар бораи ба қайд гирифта шудани шахси воқеӣ дар мақомоти андози маҳалли истиқомат ҳисобида мешавад.

Соҳибкор метавонад маълумотро дар бораи худ аз Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ пурра, ройгон ва дар вақти муносиб барои ӯ дастрас намояд. Барои гирифтани чунин маълумот, соҳибкор дар ҳама гуна шакл бо зикри ҳатмии насаб, ном, номи падар, рақами мушаххас, мушаххасоти ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (рақам, санаи барориш, номи мақомоте, ки ин ҳуҷҷатро додааст) дархост мекунад.

Моддаи 4-и Қонун ба қайди давлатӣ дар асоси принсипи "равзанаи ягона" бахшида шудааст. Принсипи «равзанаи ягона» ҳангоми бақайдгирии андозсупорандагон маънои онро дорад, ки бақайдгирии давлатӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдор (яъне Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшҳои минтақавии он), аз рӯи принсипи «равзанаи ягона» бидуни экспертизаи ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда анҷом дода мешавад. Барои бақайдгирии давлатӣ аризадиҳанда ҳуҷҷатҳоро танҳо ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) роҳбари шахси ҳуқуқӣ, маҳалли истиқомати (фаъолияти) соҳибкори инфиродӣ, маҳалли ҷойгиршавии (суроға) филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ (маҳалли зисти роҳбари филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ) пешниҳод менамояд .

Мақсади асосии принсипи «Равзанаи ягона» коҳиш додани расмиёти бюрократӣ ҳангоми бақайдгирӣ ва беҳтар намудани шароит барои рушди соҳибкорӣ мебошад. Пеш аз бақайдгирии давлатӣ бо тартиби навин, соҳибкор ҳуҷҷатҳои зиёди гуногунро пешниҳод

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», моддаи 4 мекард, ки беш аз як моҳ вақтро дар бар мегирифт ва барои ин маблағи зиёдеро низ сарф мекард.

Қаблан, пас аз бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ мақомоти андоз ба мақомоти омор маълумоти дахлдорро интиқол медод. Дар шароити нав, баъд аз ба қайдгирифта шуданаш, ба тариқи автоматӣ дар Реестр ба андозсупоранда рамзи омор супорида мешавад. Яъне, барои соҳибкор ин тартиб, инчунин як қатор расмиёти дигари бюрократӣ коҳиш ёфтааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021-ро тасдиқ намуданд

23 январ 2020 с.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Рамзи мазкур аз ҷониби Иттифоқи рассомон ва устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Гирдогирди рамзро се хати доирашакли сурх, сафед ва сабз фаро гирифтааст, ки таҷассумгари Парчами давлатӣ маҳсуб меёбанд. Инчунин, ду хати иловагии доирашакли кабудранг ва ҳафт ситора низ рамзҳои миллиро ифода мекунанд. Дар гирди рамз бо забонҳои тоҷикиву англисӣ «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021» навишта шудааст.

Дар маркази доира ҷузъиёти асосии рамз — кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Тоҷикистон, офтоби оламоро, манзараҳои зебои ҳаёти деҳот, роҳу нақбҳо ва сайёҳ чун нишонаи рушди сайёҳӣ, рубоб, кӯза ва анору ангур ҳамчун рамзи кишоварзӣ ҷой дода шудааст, ки таҷассумкунандаи макони меваҳои шаҳдбор будани диёри зебоманзари Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Ҳамзамон, мусаввараҳо бо нақшу нигорҳои миллӣ оро дода шудааст, ки идомаи ҳунарҳои мардумӣ мебошанд.

Дар маҷмӯъ, рамзи мазкур чор ҳадафи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакатро бо тасвир кардани дарғот, нақб, роҳ ва меваҷот ифода мекунад.

Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» васеъ истифода баранд.

Ташрифи Ташкилоти ҷаҳонии TADAT ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

27 декабр 2019 с.

Ташрифи Ташкилоти ҷаҳонии TADAT (Воситаҳои ташхис ва баҳогузории маъмурикунонии андоз) ба
Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



Як қатор коршиносони Ташкилоти ҷаҳонии TADAT (Воситаҳои ташхис ва баҳогузории маъмурикунонии андоз) аз сана 16 то 28 декабри соли 2019 ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда буданд, ки мақсад аз он омўзиш ва арзёбии ҳамаҷонибаи фаъолияти мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ислоҳот ва такмилоти системаи маъмурикунонии андоз мебошад.

Аз ҷониби коршиносони чунин як ташкилоти бонуфузи байналмиллалӣ самтҳои асосии фаъолияти мақомоти андоз дар ҷодаи ислоҳот ва такмилоти системаи маъмурикунонии андоз, аз ҷумла сатҳу сифати хизматрасониҳои электронии мақомоти андоз оид ба ҳисоб ва пардохти андозҳо, соддагардони қонунгузорӣ ва расмиёти андоз, тақвияти асосҳои моддию техникӣ ва неруи кадрии мақомоти андозро мавриди омузиши ҳамаҷониба қарор дода шуд.

Санаи 27 декабри соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Нозироти андозсупорандагони азими Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёгии Рушд, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Хазинаи байналмилалии асъор ҷаласа барпо гардид, ки дар он муттахассисони Ташкилоти ҷаҳонии (TADAT) натиҷаи пешакии таҳлили такмилоти системаи маъмурикунонии андозро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намуданд.

Дар ҷаласа аз ҷониби мутахассисони TADAT натиҷаҳои бадастовардаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти такмилоти системаи маъмурикунонии андоз мусбӣ арзёбӣ карда шуд.

Ҳамзамон, ба маълумоти иштирокчиёни ҷаласа расонида шуд, ки коршиносони TADAT баҳои ниҳоии худро вобаста ба арзёбии натиҷаҳои такмилот ва ислоҳоти системаи маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро рўзҳои наздик дар сомонаи интернетии худ «www.tadat.org» расман эълон менамоянд.

Ҳисобот оид ба баҳогузории натиҷаи корҳо "TADAT"

Муҳосиба

26 декабр 2019 с.

Муҳосиба




Чи тавре, ки қаблан ба маълумоти Шумо расонида будем айниҳол мутахассисони Воситаи ташхисии баҳогузории маъмурикунонии андоз (минбаъд TADAT) бо мақсади баҳогузории тарафҳои мусбат ва манфии низоми маъмурикунонии андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи андоз ҳузур доранд.

Дар ин хусус суҳбате анҷом додем, бо мутахассиси TADAT Томас Судинтас ва номбурда низоми маъмурикунонии андозро дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро чунин арзёби намуд.

Ман аз натиҷаҳои бадастовардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тадбиқи маъмурикунонии андоз таасуроти хеле хуб гирифтам.

Ҷараёни баҳогузории TADAT оид ба натиҷаҳои рушди маъмурикунонии андоз бо назардошти таҷрибаи байналмилалии мақомотҳои андози пешрафтаи дунё амали карда мешавад. TADAT самаранокии фаъолияти мақомоти миллии андозро аз руи 9 самти натиҷабахш баҳогузорӣ менамояд, ки ба инҳо масъалаҳои бақайдгирии андозсупорандагон, самаранокии идоракунии хавҳо, расонидани ёрӣ ба андозсупорандагон ҷиҳати риояи меъёрҳои қонунгузори, пешниҳоди саривақтӣ ва электронии эъломияҳои андоз ва дигар паҳлуҳои муҳими фаъолияти мақомоти андоозро дар бар мегирад. Ҳамаи паҳлуҳои зарурии фаъолияти мақомоти андоз аз ҷониби мо барраси ва баҳо дода шуданд. Ба фикри ман самаранокии фаъолияти рушди маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд қарор дорад ва дар ояндаи наздик баҳои ниҳоиро ба Кумитаи андоз пешниҳод хоҳем кард.



Самтҳои асосии ислоҳоти маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

20 декабр 2019 с.

Самтҳои асосии ислоҳоти маъмурикунонии андоз
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон



Раванди тақвияти иқтидори иқтисодию истеҳсолии кишвар ва омили таъсиррасони он беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, боз ҳам содда ва дастрас намудани хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон мебошад. Яке аз самтҳои асосии ислоҳоти системаи маъмурикунонии андоз роҳандозии системаи андоз дар асоси технологияҳои рақамӣ мебошад, ки ҳадафи асосии он аз байн бурдани тамоси шахсӣ миёни кормандони андоз ва андозсупоранда ҷиҳати паст бурдани сатҳи фасод дар системаи андоз мебошад.

Аз ҷумлаи чунин равандҳое, ки самти ислоҳоти систамаи маъмурикунонии андозро дар асоси принсипҳои иқтисоди рақамӣ муайян менамояд коркард ва ҷорӣ гаштани модули хизматрасонӣ (дафтари шахсии андозсупоранда , равзанаи ягона, пешбурди феҳристи андозсупорандагон ва ғайра) ба андозсупорандагон мебошад, ки тибқи он муроҷиаткунандагон метавонанд ариза ва ҳуҷҷатҳояшонро барои бақайдгирии давлатӣ ба мақомоти андоз ба тариқи электронӣ пешниҳод намоянд.

Чунин модулҳо зиёданд ва тасмим гирифтаем, ки оид ба асоситарини онҳо иттилооти бештаре барои хонандагон пешниҳод намоем. Дар маҷмуъ, намудҳои хизматрасониҳои электронӣ ба андозсупорандагон то 36 адад зиёд карда шуда, айни замон гирифтани маълумот аз Феҳристи ягонаи давлатӣ, дар шакли электронӣ пешниҳод намудани эъломияҳои андоз ва ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда, азназаргузаронии ҳисоботҳо, тартиб додани санади муқоисавӣ, ба таври электронӣ кушодани суратҳисоби бонкӣ, пешниҳоди эъломияҳо аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ, ҳисобкунаки андоз (барои андоз аз даромад, андоз аз воситаи нақлиёт, амволи ғайриманқул, андози замин), шакли электронии Кодекси андоз барои телефонҳои мобилӣ дар платформаи Android, гирифтани маълумот дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда, пардохти андозҳо тавассути кортҳои бонкӣ ва ѓайраҳо ба роҳ монда шудааст.

Нишондиҳандаҳои мазкур дар маҷмуъ аз беҳтар гардидани маъмурикунонии андоз шаҳодат диҳанд ҳам, аммо аз ҷониби дигар ба он далолат менамоянд, ки минбаъд ба корҳо ҷиҳати сифатан боз ҳам беҳтар намудани маъмурикунонии андоз тақвият дода шавад. Зеро, дар сатҳи минтақаҳо камбудиҳо дар ҷодаи банақшагирӣ ва пешбинии андоз ба назар мерасанд, ки сабабҳои он истифода гардидани услубҳои номукаммал, дақиқ набудани нишондиҳандаҳои оморӣ ва ѓайра ба ҳисоб мераванд.

Аз ҷумлаи мушкилоти роҳандозии чораҳои муҳими маъмурикунонии андоз ва ҳамоҳанг будани он нокифоя будани ҳамкориҳои самараноки байниидоравӣ оид ба татбиқи сиёсати андоз ва маъмурикунонии андоз, мавҷуд набудани таҷрибаи пайвастаи арзёбӣ намудани таъсири танзими меъёрҳои андозҳо ва имтиёзҳои андозӣ ба буҷети давлатӣ, идоракунии молияи давлатӣ, қисман ва нопурра истифода гардидани механизмҳои ҳавасмандкунандаи фаъолияти соҳибкорӣ, баҳисобгирии нопурраи истифодаи имтиёзот аз ҷониби андозсупорандагон, ҳанӯз ҳам нокифоя будани имкониятҳои хизматрасонии электронӣ ба андозсупорандагон, ба имкониятҳои техникии технологияҳои муосир оид ба интиқол ва мубодилаи иттилоот ва мутобиқ набудани баъзе муносибатҳои андозӣ миёни мақомоти андоз ва андозсупорандагон мебошанд.

Яъне, беҳдошти системаи маъмурикунонии андоз то андозае такья ба консепсияи иқтисоди рақамӣ ва таҳкими механизмҳои ҳавасмандкунии фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, инчунин кам кардани хароҷот вобаста ба иҷрои ӯҳдадориҳои андоз мебошад.

Барномаи амалкунандаи маъмурикунонии андоз, ки имсол ҷамъбаст мегардад, ва барномаи нав барои солҳои 2020-2030, ки мақсад ва вазифаҳои асосии рушди маъмурикунонии андозро муайян менамояд самтҳои асосии ислоҳотро чунин муқаррар менамоянд:

1. Такмили сиёсати андоз, фароҳам овардани муҳити рақобати солим ва коҳиш додани иқтисоди пинҳонӣ;
2. Таҷдиди пайвастаи системаи автоматикунонидашудаи маъмурикунонии андоз, ҳамкории фосилавӣ (бе тамоси шахсӣ) бо андозсупорандагон, мақомоти давлатӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ;
3. Баланд бардоштани фарҳанги андоз;
4. Баланд бардоштани сифати фаъолияти мақомоти андоз.

Бинобар ин, татбиқи чорабиниҳои беҳдошти маъмурикунонии андоз ба баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба мақомоти давлатӣ, гузариш ба моделҳои муосир ва самараноки технологияҳои пешбурди системаи мақомоти андоз, баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии соҳаи андоз, огоҳии андозсупорандагон ва дар натиҷа мустақилона риоя намудани қонунҳои андоз ва, дар ин асос боло бурдани нуфузи мақомоти андоз тавассути идоракунии одилона равона карда шудаанд.