«Мақсади асосии сиёсати андозу буҷет сафарбар намудан ва самаранок истифода бурдани захираҳои молияи давлатӣ ҷиҳати ноилшавӣ ба ҳадафҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон
  • Хабарҳои охирин
  • Эълонҳо
  • Ҷойхои кори

Оид ба рафти гузаронидани аттестатсияи навбатии хизматчиёни давлатии мақомоти андоз

10 июн 2025 с.

     Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти кормандони мақомот мерасонад, ки тибқи муқаррароти Низомномаи тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2008, №468 тасдиқ гардидааст, хизматчиёни давлатии мақомоти андоз дар муҳлатҳои муқарраршуда ба аттестатсия фаро гирифта мешаванд.



     Бо ин мақсад дар асоси фармоиши дахлдори Раиси Кумитаи андоз гузаронидани аттестатсияи навбатии хизматчиёни давлатии мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои июн – августи соли 2025 ба нақша гирифта шудааст.



     Дар рафти аттестатсия ба сатҳи дониши ҳар як хизматчии давлатии мақомоти андоз оид ба донистани муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», кодексҳои одоби хизматчии давлатӣ, одоби касбии корманди мақомоти андоз, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи андоз, масъалаҳои сиёсӣ, донистани забонҳои давлативу хориҷӣ ва маҳорати кор бо барномаҳои компютерӣ баҳогузорӣ карда шуда, аз натиҷаи он мувофиқати кормандон ба мансабҳои ишғолнамуда муайян карда мешавад.

Иштироки намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи машваратӣ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати омодагӣ ба гузаронидани Форуми 6-уми ҳамкории роҳбарони мақомоти андоз дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» (BRITACOM)

30 апрел 2025 с.

     Дар давоми панҷ соли охир, тавассути кӯшишҳои муштараки ҳамаи ҷонибҳои BRITACOM, котиботи BRITACOM дар самти ҳамкориҳои бисёрҷониба вобаста ба маъмурикунони андоз ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда, ҳамасола ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳо дар ин самт Форуми роҳбарони андози BRITACOM- BRITACOF баргузор мегардад. Форуми навбатӣ дар кишвари Непал санаҳои 9-11 сентябри соли 2025 ба нақша гирифта шудааст.

     Ҷиҳати омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани Форуми навбатии номбаршуда рӯзҳои 24-26 апрели соли 2025 ҷаласаи машваратӣ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.

     Дар ҷаласаи машваратии Форуми BRITACOM масъалаҳои ташкил ва фаъолияти гурӯҳҳои кории Нақшаи амали Ҳонконг (солҳои 2025-2027), омодагӣ ба Форуми 6-уми BRITACOF, таҳияи нақшаи кори инноватсионии панҷ соли ояндаи BRITACOM мавриди муҳокима қарор дода шуда, аз натиҷаи он қарорҳои дахлдор, аз ҷумла барномаи кории Форуми 6-уми BRITACOF тасдиқ гардид.



     Дар ҷаласаи машваратӣ муовини якуми Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Солеҳзода Аюбҷон Маруф маърӯза пешниҳод намуда, оид ба рушди маъмурикунонии андоз ва рақамикунонии соҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохаронӣ намуд.

     Дар ҳошияи ҷаласаи машваратӣ муовини якуми Раиси Кумитаи андоз бо ҷаноби Ванг Даошу – муовини Комиссари маъмурияти давлатии андози Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрии судманд анҷом дод.

     Зимни вохӯрӣ Аюбҷон Маруф оид ба саҳми калони сармоягузорони чинӣ дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошта, баён намуд, ки Кумитаи андоз дар самти мазкур ҳамкориҳоро бо ҷониби чинӣ оид ба масъалаҳои риояи қонунгузории андоз аз ҷониби сармоягузорони чинӣ ва ҳамкориҳои дуҷонибаи мақомоти андози ҳар ду кишвар густариш медиҳад.




Раёсати ҳамкории байналмилалии
Кумитаи андози назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нахустин Форуми роҳбарони мақомоти андози давлатҳои минтақаҳои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон

14 март 2025 с.

Рӯзҳои 13-14 феврали соли 2025 бо ташаббуси Маркази минтақавии рушди иқтидор барои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистони Хазинаи Байналмилалии Асъор дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Форуми роҳбарони мақомоти андози давлатҳои минтақаҳои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон (минбаъд - Форум) баргузор гардид.

 Маркази минтақавии рушди иқтидор барои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистони Лоиҳаи муштараки ҳамкории Хазинаи Байналмилалии Асъор бо нуҳ кишвари аъзо, аз ҷумла Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад.

Дар Форум беш аз 20 иштирокчӣ дар сатҳи роҳбарони мақомоти андоз аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд.

Аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Бахтиёр - муовини Раиси Кумитаи андоз ва Вазирзода Собир – сардори раёсати такмили қонунгузории андози Кумитаи андоз иштирок намуданд.

Инчунин, дар Форум коршиносони байналмилалӣ таҳти роҳбарии Катрин Бэр – муовини Директори Раёсати фискалии Хазинаи Байналмилалии Асъор иштирок намуда, намояндагони мақомоти андози кишварҳои минтақаҳои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистонро бо масъалаҳои муҳимми минтақавӣ, аз ҷумла навовариҳо дар самти маъмурикунонии андоз, роҳҳои ҳалли мушкилотҳо, истифодаи зеҳни сунъӣ дар маъмурикунонии андоз ва беҳтар намудани фазои сармоягузории давлатҳои минтақа ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ шинос намуданд.



Ҳамзамон, Бахтиёр Султон ба таваҷҷуҳи иштирокчиёни Форум оид ба ислоҳотҳои андозӣ аз ҷумла, рушди рақамикунонии хизматрасониҳои давлатии мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳиммияти ҳамкории минтақавӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти андози Тоҷикистон дар доираи Маркази минтақавии рушди иқтидор барои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Иштирок дар ҷаласаи 17-уми пленарии Форуми глобалӣ оид ба шаффофият ва табодули иттилоот барои мақсадҳои андоз

9 декабр 2024 с.

     Рӯзҳои 25-29 ноябри соли 2024 дар шаҳри Асунсиёни Ҷумҳурии Парагвай ҷаласаи 17-уми пленарии Форуми глобалӣ оид ба шаффофият ва табодули иттилоот барои мақсадҳои андозбандӣ баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 360 намоянда аз 116 кишвар ширкат варзиданд.

     Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар чорабинии номбурда Муовини якуми Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Солеҳзода Аюбҷон Маруф намояндагӣ намуд.

     Форуми глобалӣ оид ба шаффофият ва табодули иттилоот барои мақсадҳои андозбанди (минбаъд - Форуми глобалӣ) ниҳоди байналмилалӣ буда, ба он 171 давлати ҷаҳон шомил мебошанд.

     Ҳадафи асосии Форуми глобалӣ ин мубориза бо саркашӣ аз пардохти андозҳо ва таъмини афзоиши даромадҳои андозӣ тавассути ҷорӣ намудани стандартҳои табодули иттилоот мебошад.

     Давлатҳои аъзои Форуми глобалӣ маълумотро ба ҳамдигар тибқи дархост оид ба андозсупорандаи муайян ва ё дар ҳар муддати (вақти) муайяншуда ба тариқи автоматӣ ва дар асоси Стандарти ягонаи ҳисоботӣ (CRS) пешниҳод менамоянд.



     Иштирокчиён дар вохӯриҳои пленарии Форуми глобалӣ мавзӯъҳо оид ба дастовардҳои муштараки давлатҳо дар самти табодули иттилоот ва ҳамкории байналмилалӣ бо мақсади мубориза бо саркашӣ аз пардохти андозҳо, натиҷаҳои корҳои анҷомдодашуда дар соли 2024, муҳиммияти шомил шудан ба Форуми глобалӣ аз ҷониби кишварҳои Осиё ва Уқёнуси ором, ҳадафҳои оянда барои такмил ва таҳкими табодули иттилоот, ҳифз ва махфияти маълумотҳо, баланд бардоштани савияи дониши кормандони мақомоти андоз ва дигар масъалаҳоро мавриди муҳокима қарор доданд.


Раёсати ҳамкории байналмилалии
Кумитаи андози назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маводҳои видеоӣ

Дигар видеоҳо
0:00
/