Иштироки намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи машваратӣ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати омодагӣ ба гузаронидани Форуми 6-уми ҳамкории роҳбарони мақомоти андоз дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» (BRITACOM)

     Дар давоми панҷ соли охир, тавассути кӯшишҳои муштараки ҳамаи ҷонибҳои BRITACOM, котиботи BRITACOM дар самти ҳамкориҳои бисёрҷониба вобаста ба маъмурикунони андоз ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда, ҳамасола ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳо дар ин самт Форуми роҳбарони андози BRITACOM- BRITACOF баргузор мегардад. Форуми навбатӣ дар кишвари Непал санаҳои 9-11 сентябри соли 2025 ба нақша гирифта шудааст.

     Ҷиҳати омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани Форуми навбатии номбаршуда рӯзҳои 24-26 апрели соли 2025 ҷаласаи машваратӣ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.

     Дар ҷаласаи машваратии Форуми BRITACOM масъалаҳои ташкил ва фаъолияти гурӯҳҳои кории Нақшаи амали Ҳонконг (солҳои 2025-2027), омодагӣ ба Форуми 6-уми BRITACOF, таҳияи нақшаи кори инноватсионии панҷ соли ояндаи BRITACOM мавриди муҳокима қарор дода шуда, аз натиҷаи он қарорҳои дахлдор, аз ҷумла барномаи кории Форуми 6-уми BRITACOF тасдиқ гардид.



     Дар ҷаласаи машваратӣ муовини якуми Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Солеҳзода Аюбҷон Маруф маърӯза пешниҳод намуда, оид ба рушди маъмурикунонии андоз ва рақамикунонии соҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохаронӣ намуд.

     Дар ҳошияи ҷаласаи машваратӣ муовини якуми Раиси Кумитаи андоз бо ҷаноби Ванг Даошу – муовини Комиссари маъмурияти давлатии андози Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрии судманд анҷом дод.

     Зимни вохӯрӣ Аюбҷон Маруф оид ба саҳми калони сармоягузорони чинӣ дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошта, баён намуд, ки Кумитаи андоз дар самти мазкур ҳамкориҳоро бо ҷониби чинӣ оид ба масъалаҳои риояи қонунгузории андоз аз ҷониби сармоягузорони чинӣ ва ҳамкориҳои дуҷонибаи мақомоти андози ҳар ду кишвар густариш медиҳад.




Раёсати ҳамкории байналмилалии
Кумитаи андози назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон