• Хабарҳои охирин
  • Эълонҳо
  • Ҷойхои кори

Вохурии навбати дар Кумитаи андоз бо иштироки намояндогони Агентии назорати давлатии молияви мубориза бо коррупсия

16 сентябр 2025 с.

    Санаи 02.09.2025 дар Кумитаи андоз бо иштироки Муовини Раиси Кумитаи андоз Бахтиёр Султон, намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини сардори Раёсати муқовимат ба коррупсия Рабизода Диловар ва сарнозири ҳамин Раёсат Ҳамдамзода Садриддин ва дигар кормандони мақомоти андоз ҷаласаи васеъ баргузор гардида, дар он пешниҳодҳои Агентӣ, ки ба Кумитаи андоз ворид гардидаанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

    Муовини Раиси Кумитаи андоз Бахтиёр Султон қайд намуданд, ки дар Кумитаи андоз ҷиҳати пешгирии коррупсия ба таври мунтазам корҳои муайян анҷом дода мешавад. Аз ҷумла ҳамасола фармоишҳои дахлдори Кумитаи андоз “Нақшаи дохилиидоравии Кумитаи андози назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли дахлдор, ҷиҳати таъмини иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум ( солҳои 2021 – 2025 )” қабул карда мешавад.

    Инчунин, тибқи муқаррароти моддаи 162 Кодекси андоз яке аз вазифаҳои асосии мақомоти андоз муайян намудани расмиёт ва усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсия дар мақомоти андоз ва амалӣ намудани онҳо мебошад.

    Намояндагони Агентӣ баромад намуда қайд намуданд, ки муқовимат бар зидди ҳама гуна амалҳои коррупсионӣ на танҳо вазифаи кормандони мақомоти давлатӣ, балки вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад"

    Дар баробари ин, дар Ҷаласа оид ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки самти муқовимат ба коррупсияро танзим менамоянд, кодексҳои Ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, инчунин қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 «Дар бораи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» ба иштирокчиёни ҷаласа маълумоти мухтасар пешниҳод гардида бори дигар дар сатҳи баланд ва зарурӣ иҷроиши онҳо таъкид карда шуд."

    Дар охир, Муовини Раиси Кумитаи андоз ба намояндагони Агентӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласа ва дар маҷмуъ оиди ҳамкорӣ дар самти муқовимат ва пешгирии коррупсия дар мақомоти андоз изҳори сипос намуда, изҳор намуданд, ки Кумитаи андоз Ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021–2025) , иҷрои қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.10.2016, №465 “Дар бораи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)” ва фармоиши Кумитаи андоз аз 09.04.2025, №220 “Дар бораи тасдиқ намудани “Нақшаи мукаммал барои солҳои 2025-2026, ҷиҳати пешгирӣ, бартараф ва коҳиш додани хавфҳои коррупсионӣ” минбаъд низ чораҷўӣ менамояд.

Доир ба Конфронси якҷояи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии андози Федератсияи Россия «Оид ба натиҷаҳои татбиқи Созишнома байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Федератсияи Россия дар бораи аз ҷониби Федератсияи Россия расонидани кумаки беподоши техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушд ва такмили низоми маъмурикунонии андоз»

2 июл 2025 с.

    Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон «Оид ба натиҷаҳои татбиқи Созишнома байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Федератсияи Россия дар бораи аз ҷониби Федератсияи Россия расонидани кумаки беподоши техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушд ва такмили низоми маъмурикунонии андоз» Конфронс баргузор гардид.

    Созишномаи мазкур санаи 3 марти соли 2023 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия ба имзо расонида шуд.

    Дар Конфронс беш аз 200 нафар андозсупорандагон ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти федералии андоз ва Ҷамъияти саҳомии “Маркази асосии татбиқи инноватсияҳои илмӣ” (АО “ГНИВЦ”) Федератсияи Россия иштирок намуданд.

    Ҳайати Хадамоти федералии андози Федератсияи Россияро Егоров Даниил Вячеславович – Сардори Хадамоти федералии андоз роҳбарӣ намуд.

    Конфронсро Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Давлатзода Нусратулло Муқим ифтитоҳ намуд.



    Қайд карда шуд, ки дар доираи Созишнома аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти федералии андози Федератсияи Россия ва гурӯҳи татбиқи лоиҳа як қатор чорабиниҳо амалӣ карда шудаанд. Аз ҷумла:

    1. Реинжиниринги бизнес-равандҳои маъмурикунонии андоз гузаронида шуд;

    2. Модернизатсияи компонентҳои системаи мавҷудаи иттилоотӣ, созмон додани платформаи таҳлилӣ ва воситаҳои таҳлилӣ ҷиҳати коркарди маълумоти ҳисобнома-фактураҳо бо мақсади такмил додани маъмурикунонии ААИ анҷом дода шуд;

    3. Консепсияи такмили андозбандии амволи манқул ва ғайриманқул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид;

    4. Тавсияҳо оид ба такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии маъмурикунонии андоз омода карда шуд;

    5. Модернизатсияи компонентҳои системаи мавҷудаи иттилоотии ҳуҷраи шахсии андозсупоранда (шахси воқеӣ) ба шакли замимаи мобилӣ;

    6. Консепсияи ташкили кор бо андозсупорандагон ва консепсияи услуби корпоративӣ дар мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид.

    Ҳамчунин, бо мақсади ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории андоз ва такмил додани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ дар самти ҳисобкунӣ ва ситонидани андоз аз арзиши иловашуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушд ва такмили маъмурикунонии андоз, таҳлили раванди маъмурикунонӣ ва назорати ААИ, андозбандии даромадҳои шахсони воқеӣ, бахши молиявии иқтисодиёт, ширкатҳои хориҷие, ки хизматрасониҳои электрониро ба шахсони воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд, таклифу тавсияҳо таҳия карда шуданд.

    Илова бар ин, Системаи автоматикунонидашудаи назорати андоз аз арзиши иловашуда ва замимаи мобилии “Ҳуҷраи шахсӣ” барои шахсони воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – замимаи мобилӣ) таҳия ва роҳандозӣ гардид.


    Намояндагони Хадамоти федералии андози Россия тартиби истифодабарии Системаи автоматикунонидашудаи назорати андоз аз арзиши иловашуда ва замимаи мобилиро дар шакли рӯнамо ба иштирокчиён пешниҳод карда, қайд намуданд, ки Воситаи таҳлилии таҳияшуда ба таври худкор маълумотро аз ҳисобнома-фактураҳои электронӣ ва эъломияи андоз аз арзиши иловашуда тафтиш карда, маълумотҳои андозсупоранда ва ҳам контрагентҳои онро муқоиса мекунад. Система имконият медиҳад, ки сатрҳои робитаҳои иттилоотии бо ҳам алоқамандро ташаккул дода, тавассути тасвири визуалии муносибатҳои моливу-молиявии андозсупорандагонро ҷиҳати муайян кардани хавфҳои эҳтимолии иҷро нагардидани қонунгузории андоз ва саркашӣ аз пардохти одилонаи андоз аз арзиши иловашуда ба буҷет мусоидат менамояд.

    Ҳамзамон, дар доираи Конфронс байни кормандони Кумитаи андоз, намояндагони Хадамоти федералии андози Россия, андозсупорандагон ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор мубодилаи афкор сурат гирифт.

    Дар охир қайд гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, андозсупорандагон ва шарикони рушд, ба монанди Хадамоти федералии андози Россия сиёсати андоз ва маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра беҳтар гардида, барои пешниҳод намудани хизматрасонии босифат ба андозсупорандагон, самаранок татбиқ намудани назорати андоз ва васеъ намудани манбаи андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Оид ба рафти гузаронидани аттестатсияи навбатии хизматчиёни давлатии мақомоти андоз

10 июн 2025 с.

     Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти кормандони мақомот мерасонад, ки тибқи муқаррароти Низомномаи тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2008, №468 тасдиқ гардидааст, хизматчиёни давлатии мақомоти андоз дар муҳлатҳои муқарраршуда ба аттестатсия фаро гирифта мешаванд.



     Бо ин мақсад дар асоси фармоиши дахлдори Раиси Кумитаи андоз гузаронидани аттестатсияи навбатии хизматчиёни давлатии мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои июн – августи соли 2025 ба нақша гирифта шудааст.



     Дар рафти аттестатсия ба сатҳи дониши ҳар як хизматчии давлатии мақомоти андоз оид ба донистани муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», кодексҳои одоби хизматчии давлатӣ, одоби касбии корманди мақомоти андоз, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи андоз, масъалаҳои сиёсӣ, донистани забонҳои давлативу хориҷӣ ва маҳорати кор бо барномаҳои компютерӣ баҳогузорӣ карда шуда, аз натиҷаи он мувофиқати кормандон ба мансабҳои ишғолнамуда муайян карда мешавад.

Иштироки намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи машваратӣ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати омодагӣ ба гузаронидани Форуми 6-уми ҳамкории роҳбарони мақомоти андоз дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» (BRITACOM)

30 апрел 2025 с.

     Дар давоми панҷ соли охир, тавассути кӯшишҳои муштараки ҳамаи ҷонибҳои BRITACOM, котиботи BRITACOM дар самти ҳамкориҳои бисёрҷониба вобаста ба маъмурикунони андоз ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда, ҳамасола ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳо дар ин самт Форуми роҳбарони андози BRITACOM- BRITACOF баргузор мегардад. Форуми навбатӣ дар кишвари Непал санаҳои 9-11 сентябри соли 2025 ба нақша гирифта шудааст.

     Ҷиҳати омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани Форуми навбатии номбаршуда рӯзҳои 24-26 апрели соли 2025 ҷаласаи машваратӣ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.

     Дар ҷаласаи машваратии Форуми BRITACOM масъалаҳои ташкил ва фаъолияти гурӯҳҳои кории Нақшаи амали Ҳонконг (солҳои 2025-2027), омодагӣ ба Форуми 6-уми BRITACOF, таҳияи нақшаи кори инноватсионии панҷ соли ояндаи BRITACOM мавриди муҳокима қарор дода шуда, аз натиҷаи он қарорҳои дахлдор, аз ҷумла барномаи кории Форуми 6-уми BRITACOF тасдиқ гардид.



     Дар ҷаласаи машваратӣ муовини якуми Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Солеҳзода Аюбҷон Маруф маърӯза пешниҳод намуда, оид ба рушди маъмурикунонии андоз ва рақамикунонии соҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохаронӣ намуд.

     Дар ҳошияи ҷаласаи машваратӣ муовини якуми Раиси Кумитаи андоз бо ҷаноби Ванг Даошу – муовини Комиссари маъмурияти давлатии андози Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрии судманд анҷом дод.

     Зимни вохӯрӣ Аюбҷон Маруф оид ба саҳми калони сармоягузорони чинӣ дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошта, баён намуд, ки Кумитаи андоз дар самти мазкур ҳамкориҳоро бо ҷониби чинӣ оид ба масъалаҳои риояи қонунгузории андоз аз ҷониби сармоягузорони чинӣ ва ҳамкориҳои дуҷонибаи мақомоти андози ҳар ду кишвар густариш медиҳад.




Раёсати ҳамкории байналмилалии
Кумитаи андози назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нахустин Форуми роҳбарони мақомоти андози давлатҳои минтақаҳои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон

14 март 2025 с.

Рӯзҳои 13-14 феврали соли 2025 бо ташаббуси Маркази минтақавии рушди иқтидор барои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистони Хазинаи Байналмилалии Асъор дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Форуми роҳбарони мақомоти андози давлатҳои минтақаҳои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон (минбаъд - Форум) баргузор гардид.

 Маркази минтақавии рушди иқтидор барои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистони Лоиҳаи муштараки ҳамкории Хазинаи Байналмилалии Асъор бо нуҳ кишвари аъзо, аз ҷумла Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад.

Дар Форум беш аз 20 иштирокчӣ дар сатҳи роҳбарони мақомоти андоз аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд.

Аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Бахтиёр - муовини Раиси Кумитаи андоз ва Вазирзода Собир – сардори раёсати такмили қонунгузории андози Кумитаи андоз иштирок намуданд.

Инчунин, дар Форум коршиносони байналмилалӣ таҳти роҳбарии Катрин Бэр – муовини Директори Раёсати фискалии Хазинаи Байналмилалии Асъор иштирок намуда, намояндагони мақомоти андози кишварҳои минтақаҳои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистонро бо масъалаҳои муҳимми минтақавӣ, аз ҷумла навовариҳо дар самти маъмурикунонии андоз, роҳҳои ҳалли мушкилотҳо, истифодаи зеҳни сунъӣ дар маъмурикунонии андоз ва беҳтар намудани фазои сармоягузории давлатҳои минтақа ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ шинос намуданд.



Ҳамзамон, Бахтиёр Султон ба таваҷҷуҳи иштирокчиёни Форум оид ба ислоҳотҳои андозӣ аз ҷумла, рушди рақамикунонии хизматрасониҳои давлатии мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳиммияти ҳамкории минтақавӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти андози Тоҷикистон дар доираи Маркази минтақавии рушди иқтидор барои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Иштирок дар ҷаласаи 17-уми пленарии Форуми глобалӣ оид ба шаффофият ва табодули иттилоот барои мақсадҳои андоз

9 декабр 2024 с.

     Рӯзҳои 25-29 ноябри соли 2024 дар шаҳри Асунсиёни Ҷумҳурии Парагвай ҷаласаи 17-уми пленарии Форуми глобалӣ оид ба шаффофият ва табодули иттилоот барои мақсадҳои андозбандӣ баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 360 намоянда аз 116 кишвар ширкат варзиданд.

     Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар чорабинии номбурда Муовини якуми Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Солеҳзода Аюбҷон Маруф намояндагӣ намуд.

     Форуми глобалӣ оид ба шаффофият ва табодули иттилоот барои мақсадҳои андозбанди (минбаъд - Форуми глобалӣ) ниҳоди байналмилалӣ буда, ба он 171 давлати ҷаҳон шомил мебошанд.

     Ҳадафи асосии Форуми глобалӣ ин мубориза бо саркашӣ аз пардохти андозҳо ва таъмини афзоиши даромадҳои андозӣ тавассути ҷорӣ намудани стандартҳои табодули иттилоот мебошад.

     Давлатҳои аъзои Форуми глобалӣ маълумотро ба ҳамдигар тибқи дархост оид ба андозсупорандаи муайян ва ё дар ҳар муддати (вақти) муайяншуда ба тариқи автоматӣ ва дар асоси Стандарти ягонаи ҳисоботӣ (CRS) пешниҳод менамоянд.



     Иштирокчиён дар вохӯриҳои пленарии Форуми глобалӣ мавзӯъҳо оид ба дастовардҳои муштараки давлатҳо дар самти табодули иттилоот ва ҳамкории байналмилалӣ бо мақсади мубориза бо саркашӣ аз пардохти андозҳо, натиҷаҳои корҳои анҷомдодашуда дар соли 2024, муҳиммияти шомил шудан ба Форуми глобалӣ аз ҷониби кишварҳои Осиё ва Уқёнуси ором, ҳадафҳои оянда барои такмил ва таҳкими табодули иттилоот, ҳифз ва махфияти маълумотҳо, баланд бардоштани савияи дониши кормандони мақомоти андоз ва дигар масъалаҳоро мавриди муҳокима қарор доданд.


Раёсати ҳамкории байналмилалии
Кумитаи андози назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон