«Мақсади асосии сиёсати андозу буҷет сафарбар намудан ва самаранок истифода бурдани захираҳои молияи давлатӣ ҷиҳати ноилшавӣ ба ҳадафҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон
  • Хабарҳои охирин
  • Эълонҳо
  • Ҷойхои кори

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров

6 июн 2023 с.

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Русияро дар доираи шарикии стратегии ду давлат баррасӣ намуданд.

Маҷмӯи масъалаҳои мубрами робитаҳои дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорат, иқтисод ва гуманитарӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт.

Дар ин зимн муҳиммияти таҳкими пайвастаи ҳамкорӣ дар самтҳои мазкур таъкид гардид.

Сарвари давлати мо раванди рушди бомароми муносиботи ду кишварро дар ҳамаи самтҳои мавриди таваҷҷуҳи мушатарак  қайд карда,  аҳаммияти таҳкиму тавсеаи робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталифи иқтисод, маориф, муҳоҷират, инчунин ҳамкориҳои байниминтақавиро бахусус таъкид карданд.

Дар чорчуби суҳбат атрофи масъалаҳои рӯзмарраи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла қазияи Афғонистон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Мулоқот бо аъзои Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал

5 июн 2023 с.

5 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал мулоқот карданд.

Дар оғози суханронии худ Пешвои миллат иштирокдорони вохӯриро хайрамақдам гуфта, онҳоро бо 30-юмин солгарди таъсисёбии Фонди байналмилалии наҷоти Арал табрику таҳният намуданд.

Қайд карда шуд, ки Фонд дар давраи гузашта аҳамияти худро ҳамчун иттиҳодияе, ки барои ҳалли мураккаби маҷмӯи мушкилоти экологӣ ва ҳам иҷтимоию иқтисодӣ пешбинӣ шудааст, равшан нишон дод. Инчунин дар фаъолияти амалии Фонд масъалаҳои об ва бисёр мушкилоти экологӣ ва иҷтимоию иқтисодии минтақаи мо ҳалли худро пайдо кард.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар давраи раёсат дар Фонд барои боз ҳам баланд бардоштани обрӯ ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар чаҳорчӯби он тамоми талошҳоро ба харҷ медиҳад.

Сарвари давлат нақши муҳими Раёсатро дар рушди муносибатҳои байнидавлатӣ зикр карда, аҳамияти қарорҳои қабулкардаи Раёсатро ҷиҳати таҳкими ҳамкории байни кишварҳои минтақа дар ҳалли масъалаҳои мубрами идоракунии об ва мушкилоти экологӣ таъкид намуданд.

Бояд гуфт, ки дар доираи ҷаласаҳои раёсати Фонд Барномаи чоруми ҳавзаи баҳри Арал ва Барномаи минтақавии экологии рушди устувори Осиёи Марказӣ қабул карда шуд.

Дар мулоқот инчунин масъалаи ҷоннок кардани кор бо саҳмгузорон ва шарикони рушде, ки ба Фонд таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, таъкид карда шуд.

Таъкид гардид, ки Фонд дар Конфронси таърихии Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар моҳи марти соли ҷорӣ фаъолона иштирок кард.

Тавре маълум аст, ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои обу энергетика низ таҳти таваҷҷуҳи доимии сарони кишварҳои минтақа қарор дорад.

Аз ин рӯ зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба талошҳову ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, аз ҷумла қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба эълон кардани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, афзоиши шумораи аҳолии минтақа, таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди кишварҳо, истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва дигар масоили марбут ба обу иқлим, андешаронӣ карданд.

Пешниҳод гардид, ки бояд ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи захираҳои об, бахусус дар соҳаи кишоварзӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои каммасрафи об ва усулҳои обёрӣ, инчунин ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкориҳо дар ин самт тақвият бахшида шавад.

Айни замон ҷаҳон бо таҳдидҳои нав рӯ ба рӯ аст, ки дар баробари тағйирёбии иқлим ва дигар офатҳои табиӣ вазъи кунунии минтақаро душвор мегардонад. Ин беш аз ҳарвақта аз кишварҳои минтақа муттаҳидӣ ва муборизаи муштарак бо ин таҳдиду хатарҳоро тақозо мекунад.

Дар охир изҳори итминон карда шуд, ки Ҷаласаи 5-уми Машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки рӯзҳои 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, барои муттаҳидӣ дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба об ва ҳамгироии кишварҳои минтақа ҷиҳати таҳкими нақши Фонд дар ин раванд, саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Иштирок дар Мулоқоти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо

2 июн 2023 с.

2 июни соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар Мулоқоти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок намуданд.

Зимни нишаст роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин оид ба рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар робита ба масоили таҳкими амнияти минтақавӣ дар пасманзари хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла  вазъи кунунии Афғонистон табодули андеша намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ мавқеи  Ҷумҳурии Тоҷикистонро перомуни ҳамкориҳои шашҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона, инчунин дигар соҳаҳо иброз намуданд. Зарурати тақвияти ҳамкории кишварҳои минтақа бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои амнияти озуқаворӣ, кишоварзӣ, нақлиёт,  логистика, гидроэнергетика, энергияи сабз ва рақамикунонӣ таъкид шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин масоили мубрами тағйирёбии иқлим, аз ҷумла обшавии пиряхҳоро матраҳ намуданд. Сарвари давлати мо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо барои ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва тағйири иқлим арзи сипос намуданд.

Аз натиҷаи нишасти дуюми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Президенти Иттиҳоди Аврупо изҳороти муштараки матбуотӣ қабул гардид.

Мулоқот бо Президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо Мариус Визер

1 июн 2023 с.

1 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо Мариус Визерро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии ҷудо баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат таъкид доштанд, ки мо алоқаманди ҳамкориҳои самарабахш бо Федератсияи байналмилалии ҷудо  ҳастем. Изҳори итминон карда шуд, ки ин ҳамкориҳо дар оянда низ идома ёфта, ҷудои тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба натиҷаҳои баланди варзишӣ ноил хоҳад шуд.

Ҷонибҳо аз сатҳи имрӯзаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии ҷудо изҳори қаноатмандӣ карданд.

Таъкид гардид, ки мусобиқаи сатҳи баланди байналмилалии “Гран При Душанбе-2023”, ки бори аввал аз тарафи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар пойтахти кишвар доир мегардад, натиҷаҳои хуб ба бор хоҳад овард. 

Дар мусобиқаи сатҳи баланди байналмилалии “Гран При Душанбе-2023”, ки дар солгарди 50-уми Федератсияи ҷудои Тоҷикистон баргузор мегардад, 500 варзишгар аз 45 кишвари олам иштирок хоҳад кард.

Таъкид шуд, ки пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе барои баргузории ин ҳамоиши сатҳи баланди байналмилалии варзишӣ омода буда, аз тарафи Ҳукумати кишвар барои рушди риштаи гуштини ҷудо тамоми тадбирҳо андешида мешаванд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар ин бахши варзиш гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Маводҳои видеоӣ

Дигар видеоҳо
0:00
/