«Мақсади асосии сиёсати андозу буҷет сафарбар намудан ва самаранок истифода бурдани захираҳои молияи давлатӣ ҷиҳати ноилшавӣ ба ҳадафҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон

Шаффофият, рақамикунонӣ, самаранокӣ: самти нави рушди маъмурияти андоз дар Тоҷикистон

News

5 август 2026 с.

Бо ибтикори Кумитаи Андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 4-уми августи соли 2026 дар меҳмонхонаи Crowne Plaza ҷаласаи корӣ оид ба амалисозии Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026–2030, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми майи соли 2026 таҳти №315 тасдиқ шудааст, баргузор гашт.


Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Осиёии Рушд, Хазинаи Байналмилалии Асъор, Дафтари ҳамкории Швейтсария, Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ ва дигар идораҳои марбута иштирок доштанд.


Зимни чорабинӣ муовини аввали раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Абдусалом ва муовини раиси кумита Солеҳзода Аюбҷон Маруф суханронӣ намуда, қайд карданд, ки барномаи мазкур идомаи мантиқии ислоҳоте мебошад, ки дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гашта, ба рушди маъмурикунонии андоз, тавсеаи хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, истифодаи технологияҳои муосир дар системаи андоз, тақвияти ҳамкории фосилавӣ бо андозсупорандагон ва беҳтарсозии муҳити соҳибкорӣ равона гаштааст.

Дастовардҳои назаррас дар самти рақамикунонии андоз

Қобили зикр аст, ки дар доираи татбиқи Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020–2025 Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист заминаи устувори гузариш ба маъмурикунонии муосири рақамиро фароҳам оварад. Аз ҷумла системаи иттилоотии андоз таҷдид гардида, дар он зиёда аз 50 модули барномавӣ муттаҳид ва ҳамгиро карда шудаанд ва беш аз 60 намуди хизматрасонии давлатӣ дар шакли электронӣ ба шаҳрвандон ва соҳибкорон пешниҳод карда мешаванд. Яке аз дастовардҳои муҳим роҳандозии замимаи мобилии Андози ман мебошад, ки имконият медиҳад шаҳрвандон ва соҳибкорон қисми зиёди хизматрасониҳои андозиро бидуни муроҷиат ба мақомоти андоз истифода намоянд.


Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» Кумитаи андоз бо 24 ташкилоти молиявии қарзӣ ҳамкориро ба роҳ монда, шаҳрвандон метавонанд андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмиро тавассути замимаҳои мобилӣ, ҳамёнҳои электронӣ, POS-терминалҳо ва дигар воситаҳои пардохти ғайринақдӣ анҷом диҳанд. Тӯли шаш моҳи соли 2026 тавассути POS-терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ зиёда аз 3,7 миллион амалиёти ғайринақдӣ ба маблағи беш аз 1,6 миллиард сомонӣ анҷом дода шудааст, ки аз рушди фарҳанги пардохтҳои ғайринақдӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ шаҳодат медиҳад.

Зимни ҷаласа самаранокии ислоҳоти рақамикунонӣ аз ҷониби мушовири хазинаи байналмилалии асьор оид ба масъалаҳои андоз дар Точикистон ҷаноби Модестас Каселиаускас ва коршиносони байналмилалӣ мусбат арзёбӣ гардида, қайд карда шуд, ки Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти гузариш ба технологияҳои навини рақамӣ, рушди хизматрасониҳои электронӣ ва маъмурикунонии андоз дар миёни дигар кишварҳои Ховари Миёна пешсаф мебошад.


Марҳилаи нави ислоҳоти рақамӣ

Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026–2030 марҳилаи нави ислоҳоти рақамии мақомоти андоз маҳсуб ёфта, татбиқи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, истифодаи маълумоти калонҳаҷм (Big Data), тавсеаи табодули электронии маълумот байни мақомоти давлатӣ, такмили низоми идоракунии хавфҳои андозӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои давлатӣ ва коҳиш додани иқтисоди пинҳониро пешбинӣ менамояд.


Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон итминон дорад, ки татбиқи босамари Барномаи мазкур дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони байналмилалӣ барои ташаккули низоми шаффоф ва самараноки маъмурикунонии андоз, беҳтар гардидани фазои соҳибкорӣ ва рушди устувори иқтисоди рақамии кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.

Муҳокимаи масъалаҳои муқовимат ба коррупсия дар Кумитаи андоз

News

19 июн 2026 с.

    Санаи 13 июни соли 2026 дар Кумитаи андоз ҷаласаи корӣ доир гардид. Дар он муовини Раиси Кумитаи андоз Раҳимзода Абдусалом, намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия — Раҳмонзода Фаромарз ва Асламзода Фарҳод, инчунин сардорони раёсатҳо, муовинони сардор ва дигар кормандони масъули дастгоҳи марказӣ (ҳузурӣ) иштирок намуданд. Ҳамзамон, сардорон, муовинон, сардорони шуъбаҳо ва дигар кормандони масъули мақомоти ҳудудии андоз, ҷамъ 288 нафар, ба тариқи маҷозӣ (онлайн) дар ин ҷаласа ширкат варзиданд.

    Дар ҷаласаи корӣ пешниҳодҳои Агентии назоратии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мавриди баррасӣ қарор гирифта, доир ба амалисозии марҳилаи дуюми «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» (барои солҳои 2026-2030) таъкид гардид.

    Муовини Раиси Кумитаи андоз Раҳимзода Абдусалом қайд намуд, ки дар Кумитаи андоз ҷиҳати пешгирии коррупсия ба таври мунтазам корҳои муайян анҷом дода мешаванд. Аз ҷумла, ҳамасола бо фармоишҳои дахлдори Кумитаи андоз нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ ҷиҳати таъмини иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия қабул ва амалӣ карда мешавад.

    Намояндагони Агентӣ дар баромади худ таъкид доштанд, ки муқовимат бар зидди ҳама гуна амалҳои коррупсионӣ на танҳо вазифаи кормандони мақомоти давлатӣ, балки вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванд мебошад.


    Дар аснои чорабинӣ байни иштирокчиён доир ба раванди муқовимат ба коррупсия, аз байн бурдани сабабу шароитҳои ба ин зуҳуроти номатлуб мусоидаткунанда, баланд бардоштани мавқеи кишвар дар раддабандиҳои байналмилалӣ ва таҳкими фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ муколамаи судманд сурат гирифт. Иштирокчиёни ҷаласа ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Шӯрои мудирияти Хадамоти давлатии федералии молияи Шоҳигарии Белгия мулоқот намуд.

News

12 май 2026 с.

    Рузи 11 майи соли 2026 дар шаҳри Брюссел, дар доираи сафари корӣ, Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло Муқим бо Раиси Шӯрои Мудирияти Хадамоти давлатии федералии молияи Шоҳигарии Белгия ҷаноби Филип Ван де Велде мулоқот анҷом дод.

    Мулоқот дар доираи сафари омӯзишӣ дар қароргоҳи Хадамоти давлатии федералии молия дар шаҳри Брюссел, баргузор гардид, ки он аз ҷониби Хадамоти давлатии федералии молияи Шоҳигарии Белгия ва Хазинаи байналмилалии асъор ташкил карда шудааст.

    Дар ҷараёни мулоқот тарафҳо масъалаҳои мубрами маъмурикунонии андоз, ислоҳоти низоми андози ду кишвар, идоракунии қарзҳои андозӣ, инчунин дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба миёни мақомоти андози Тоҷикистон ва Шоҳигарии Белгияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

    Раиси Кумитаи андоз Давлатзода Нусратулло Муқим дар ҷараёни мулоқот ҷониби Белгиявиро бо натиҷаҳои асосии ислоҳоти андозии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир амалишаванда шинос намуд. Инчунин, дар мулоқот ба масъалаҳои рақамикунонии соҳаи андоз таваҷҷӯҳи хосса зоҳир гардид.

    Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо аҳамияти идомаи чунин мулоқотҳоро ҳамчун омили муҳими тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва татбиқи босамари ташаббусҳои муштарак таъкид намуда, изҳори боварӣ карданд, ки ҳамкориҳои минбаъда ба рушди устувори соҳаи андоз ва иқтисодиёти кишвар мусоидат хоҳад намуд.



Вохӯрии Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — Давлатзода Нусратулло Муқим бо роҳбари навтаъини Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Сафир Радослав Дарски

News

16 апрел 2026 с.

14 апрели соли 2026 дар бинои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло Муқим бо роҳбари навтаъини Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафир Радослав Дарски баргузор гардид.

Дар оғози мулоқот Раиси Кумитаи андоз Сафири Иттиҳоди Аврупоро ба муносибати таъйин гардиданаш ба вазифаи роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба Ӯ дар иҷрои вазифаҳои пурмасъул барору муваффақиятҳо хоҳон шуд.

Зимни идомаи мулоқот, Ҷаноби Сафир иброз дошт, ки рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ диққатҷалбкунанда буда, дар маҷмӯъ нисбат ба дастовардҳои иқтисодии кишвар таассуроти мусбӣ ҳосил кардааст.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаи маъмурикунонии андоз мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар навбати худ, Раиси Кумитаи андоз омодагии мақомоти андозро ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои судманд, идомаи муколамаи созанда ва татбиқи минбаъдаи ислоҳот дар ҳамоҳангӣ бо шарикони байналмилалӣ иброз намуд.



Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо аҳамияти идомаи чунин мулоқотҳоро ҳамчун омили муҳими тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва татбиқи босамари ташаббусҳои муштарак таъкид намуда, изҳори боварӣ карданд, ки ҳамкориҳои минбаъда ба рушди устувори соҳаи андоз ва иқтисодиёти кишвар мусоидат хоҳад намуд.

Маводҳои видеоӣ

Дигар видеоҳо
0:00
/