Форуми ҳамкории мақомоти андози давлатҳои ташаббуси “Як камарбанд – як роҳ”

Форуми ҳамкории мақомоти андози давлатҳои ташаббуси “Як камарбанд – як роҳ”


Дар давраи аз 18 то 20 апрели соли 2019 дар шаҳри Учжен (вилоят Чжэсзян, Ҷумҳурии мардумии Хитой) аввалин Форуми ҳамкории мақомоти андози давлатҳои ташаббуси “Як камарбанд – як роҳ” баргузор гардид.

Ин Форум таваҷҷуҳи беш аз 300 намояндагони мақомоти андоз аз 85 кишвар ва 16 ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин намояндагони ҷомеаи бизнес ва доираҳои илмиро ба худ ҷалб намуд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин Форум Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода роҳбарӣ намуд.

Форуми мазкур кори худро бо ҷаласаи умумӣ оғоз намуд, ки дар он Комиссари мақомоти давлатии андози Ҷумҳурии мардумии Хитой Ван Цзюнь, Раиси Кумитаи давлатии даромадҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон Марат Султангазиев, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва институтҳои илмӣ бо суханҳои ифтитоҳӣ баромад намуданд.




Давлатзода Нусратулло Муқим дар назди ҳозирин баромад намуда, қайд кард, ки Форуми "Як камарбанд – як роҳ" дар ояндаи наздик яке аз чорабиниҳои асосии ҳаёти иқтисодии байналмилалии кишварҳои иштирокчии ташаббуси мазкур мегардад ва дар доираи он масъалаҳои муҳими фаъолияти мо дар заминаи минтақаи савдои озод, нақли пулӣ, ҳаракати озоди одамон ва мубодилаи байналмилалии иттилоот ва дигар масъалаҳо баррасӣ хоҳад шуд.

Дар натиҷаи ҷаласаи умумӣ маросими имзои Меморандум дар бораи таъсиси механизми ҳамкорӣ дар соҳаи маъмурикунонии андоз баргузор гардид, ки дар татбиқи ташаббусҳои ҳамкорӣ ба нуқтаи ибтидоӣ табдил хоҳад гашт.

Ҳамин тариқ, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати аъзои Механизми ҳамкории мақомоти андози ташаббуси "Як камарбанд – як роҳ" ва шарики Гурӯҳи баланд бардоштани иқтидори мақомоти андози ташаббуси "Як камарбанд – як роҳ" табдил ёфт.

Кори Форуми мазкур пас аз анҷоми ҷаласаи умумӣ дар доираи ҷаласаҳои мавзўи идома дошта, масъалаҳои зеринро дар бар гирифт: баланд бардоштани иқтидори мақомоти андоз, волоияти қонун, баланд бардоштани сатҳи муайянии андоз, такмили қонунгузории андоз ва рақамикунонии мақомоти андоз.




Дар доираи Форум мулоқотҳои дуҷонибаи Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло Муқим бо Комиссари мақомоти давлатии андози Ҷумҳурии мардумии Хитой Ван Цзюнь, бо ҳамкасбон аз мақомоти андози давлатҳои аъзои ИДМ, инчунин бо намояндагони созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар рафти мулоқотҳо бо Комиссари мақомоти давлатии андози Ҷумҳурии мардумии Хитой, ки дар фазои эътимоднок гузаштанд, дурнамои рушди минбаъдаи механизми таъсисгардидаи ҳамкорӣ, ҳамчунин табодули фикру мулоҳизаҳо оид ба ҷанбаҳои нисбатан мубрами ҳамкории дуҷониба муҳокима карда шуданд.




Дар вақти маросими пўшидашавии Форум иштирокчиён зикр намуданд, ки муттаҳид намудани кӯшишҳо дар масъалаҳои ташкил намудани муҳити мусоиди андозӣ боиси рушди савдои байнисарҳадӣ, ҷалби сармоягузорӣ, мусоидат ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, инчунин ба рушди маҳаллии мутобиқшуда ва инкишофи инклюзивӣ оварда мерасонад.

Натиҷаи кори се рӯзаи Форум ин қабули Баёнияи ниҳоӣ ва Нақшаи амал барои ду соли оянда буда, онҳо ба талаботҳои афзалиятноки ҳамкориҳо дар доираи ташаббусҳои "Як камарбанд – як роҳ" ҷавобгў мебошанд.

Натиҷаи кори фосилавии гузаронидашудаи мақомоти андоз, соли 2020 дар рафти гузаронидани марҳилаи Дуюми Форуми ҳамкории мақомоти андози давлатҳои ташаббуси “Як камарбанд – як роҳ”, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон хоҳад баргузор гардид, ҷамбаст мегардад.