• Хабарҳои охирин
  • Эълонҳо
  • Ҷойхои кори

Иштирок ва суханронӣ дар Саммити Гурӯҳи 77 ва Чин дар ҳошияи Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP 28)

2 декабр 2023 с.

2 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дубай дар ҳошияи Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP 28) дар Саммити Гурӯҳи 77 ва Чин иштирок ва суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки имрӯз тағйирёбии иқлим дар робита ба истифодаи захираҳои табиӣ ва таъмини фаъолияти бемайлони соҳаҳои мухталифи ҳаёти инсон аз мо муносибати дастаҷамъона ва мукаммалро тақозо менамояд.

Ба таъкиди Сарвари давлат офатҳои табиӣ ҳамасола ба иқтисодиёти Тоҷикистон ба маблағи садҳо миллион доллар зарар расонида, дар бисёр мавридҳо талафоти ҷониро низ ба бор меоранд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки тағйирёбии иқлим боиси обшавии босуръати пиряхҳо, коҳиши ҳаҷми оби дарёҳо гардида, ба бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ, аз қабили энергетика, кишоварзӣ ва саноат таъсири манфӣ мерасонад.

Идомаи эҳтимолии раванди обшавии босуръати пиряхҳо, ба гуфтаи Пешвои миллат, метавонад дар оянда ба ҳаҷми захираҳои оби минтақа таъсири ҷиддии манфӣ ворид намояд.

Дар ин зимн зикр карда шуд, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Тоҷикистон эълон гардидани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” барои рушди ҳамкориҳои тарафҳои манфиатдор дар ин самт заминаи муносиб фароҳам хоҳад овард.

Сарвари давлат бо истифода аз фурсат ба ҳамаи кишварҳои Гурӯҳи 77 ва Чин барои мунтазам дастгирӣ намудани ин ва дигар иқдомҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об миннатдорӣ баён намуданд.

Тоҷикистон бар асоси ӯҳдадориҳои байналмилалии худ ва бар пояи муқаррароти Созишномаи Париж Стратегияи миллии худро оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим то соли 2030 таҳия намудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки айни замон яке аз роҳҳои ноилшавӣ ба ҳадафҳои Созишномаи Париж, ташаккули “иқтисоди сабз” ва истифодаи босамар аз захираҳои энергияи таҷдидшаванда ба ҳисоб меравад.

Мусаллам аст, ки яке аз роҳҳои ҳалли муваффақи мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим рушди “иқтисоди сабз” мебошад, ки дар навбати худ зарурати рушди “энергияи сабз”-ро ба миён меорад.

Тоҷикистон, ки аз рӯйи нишондиҳандаи фоизии истеҳсоли “неруи сабз” дар ҷаҳон ҷойи 6-умро мегирад, аз рӯйи ҳиссаи ночизи худ дар ҳаҷми партовҳои гулхонаӣ низ дар мақоми мусбат қарор дорад.

Чуноне, ки Пешвои миллат қайд намуданд, кишвари мо ба мақсади дастрасӣ ба ҳадафҳои “иқтисоди сабз” Стратегияи рушди ин соҳаро барои солҳои 2023-2037 таҳия намуда, мавриди татбиқ қарор додааст. Ин санад истифодаи самараноки обу замин, маъданҳои табиӣ, ҷалби сармоя, роҳандозии технологияи муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалиро дар ин самт дар назар дорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзоиши истеҳсоли “энергияи сабз”-ро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Тоҷикистон ва соҳаҳои ояндадори он, бо назардошти хусусиятҳои ҷуғрофӣ, захираҳои табиӣ ва дигар имкониятҳои мавҷуда, номбар намуданд.

 Иқтидори Тоҷикистон дар самти истеҳсоли энергия аз манбаъҳои барқароршаванда хеле васеъ мебошад.

Барои Тоҷикистон, ба мисли дигар кишварҳои рӯ ба тараққӣ, татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти пешбурди “иқтисоди сабз” танҳо бо маблағҳои буҷетӣ мушкил аст.

Бо дарназардошти чунин ҳолат ҷалби сармояи хориҷӣ ва саҳми кишварҳои пешрафта дар самти рушд ва таҳкими иқтидори кишвар дар ин ҷода зарур шумурда шуд.

Аз давлатҳои пешрафта, сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ва ниҳодҳои бонуфузи молиявӣ даъват ба амал оварда шуд, ки дар ҳалли масъалаҳои муҳимми мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва паст кардани шиддати он ҳамкории худро минбаъд ҳам идома диҳанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар шароити имрӯзаи глобалӣ ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда дар самти кам кардани оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим аз ҳамаи мо талошҳои ҳарчи бештари дастаҷамъона, андешидани тадбирҳои фаврӣ ва дарозмуҳлатро тақозо менамояд.

Таъкид карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ барои дастрасӣ ба ҳадафҳои ҳамоҳангшудаи ҷомеаи байналмилалӣ дар ростои тағйир ёфтани иқлим, бо назардошти имкониятҳои молиявию иқтисодии худ ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ, саҳми худро хоҳад гузошт.

Иштирок дар маросими ифтитоҳи Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим (COP28)

1 декабр 2023 с.

1 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб дар маросими ифтитоҳи Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим (COP28) иштирок карданд.

Дар маросими ифтитоҳи конфронс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад ибни Зойид Оли Наҳён ва Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш истиқбол гирифтанд.

Дар Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим (COP28) роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои беш аз 160 кишвари ҷаҳон, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ иштирок карданд.

Иштирок дар Саммити Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА)

24 ноябр 2023 с.

24 ноябр дар шаҳри Боку – пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон Саммити Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) баргузор гардид.

Дар кори Саммити мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар оғози суханронӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев барои дар сатҳи баланд доир намудани Саммит ва меҳмоннавозии гарм ибрози миннатдорӣ намуда, ҳамзамон Озарбойҷони бародарро бо мизбонии бомуваффақона дар СПЕКА муборакбод гуфтанд.

Роҳбари давлат таъкид карданд, ки Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд дар чаҳорчӯби СПЕКА аҳамияти хоса медиҳад.

Дар робита ба ин қайд гардид, ки тақрибан 30 фоизи гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои узви СПЕКА рост меояд.

Бештари кишварҳои иштирокчии СПЕКА дар миёни шарикони тиҷоративу иқтисодии ҷумҳурӣ мавқеи пешсафро ишғол намуда, гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои СПЕКА дар соли гузашта 24 дарсад афзоиш ёфтааст.

Қайд гардид, ки кишварҳои узви СПЕКА дорои захираҳои бузурги меҳнатӣ, табиӣ ва имкониятҳои фарохи энергетикӣ, нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ мебошанд.

Сарвари давлат аз таъсиси Фонди трастии СПЕКА пазироӣ намуда, пешниҳод карданд, ки дар солҳои оянда ба чунин самтҳои афзалиятнок, аз қабили содагардонии расмиёти савдо ва бартараф намудани монеаҳои сунъӣ, тавсеаи долонҳои гуногунвасилаи нақлиётию иқтисодӣ, рушди иқтисодиёти сабз ва рақамикунонӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.

Дар робита ба ин, Тоҷикистон масъалаи таъсиси Котиботи СПЕКА-ро ҷонибдорӣ мекунад.

Зикр гардид, ки тайи солҳои охир дар Тоҷикистон ҷиҳати содагардонии расмиёти савдо як қатор ислоҳоти назаррас амалӣ карда шуд.

Имрӯз дар Портали савдои Тоҷикистон ним миллион истифодабаранда аз беш аз 100 кишвари ҷаҳон сабти ном шудаанд, ки аҳамияти онро бори дигар тасдиқ мекунад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи энергияи сабз ва умуман иқтисоди сабз ба дастовардҳои хуб ноил шудааст.

Айни замон, 98 фоизи неруи барқи кишвар дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мегардад ва Тоҷикистон аз ҷиҳати энергияи сабз дар ҷаҳон ҷои шашумро ишғол мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Стратегияи рушди иқтисоди сабз барои солҳои 2023-2037 ният дорад иқтидори энергияи сабзро ба 10 ҳазор мегаватт расонад.

Бо назардошти ин, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки СПЕКА ҷиҳати таъмини рушди иқтисодӣ, ҳамгироии минтақавӣ, пешгирии таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба бахшҳои иқтисоди миллӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ба рушди энергияи сабз таваҷҷуҳи хосса зоҳир намояд.

Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарори Ҳукуматро дар бораи раёсати Тоҷикистон дар СПЕКА дар соли 2024 иттилоъ доданд. Дар доираи Консепсияи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи татбиқи он, афзалиятҳо ба таҳкими натиҷаҳои мавҷуда ва таъмини дастовардҳои нав равона карда мешаванд.

Баъди анҷоми нишаст сарони давлатҳои иштирокчиёни СПЕКА Эъломияи Бокуро қабул карданд.

Иштирок дар ҷаласаи Сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ

23 ноябр 2023 с.

23 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷаласа марбут ба вазъ дар минтақаҳои СААД ва ҷаҳон, масоили афзоиши хатару таҳдидҳои минтақавию байналмилалӣ, мушкилоти рӯзмарраи амнияту бехатарӣ дар минтақаву ҷаҳон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти СААД ва таҳкими ҳамкории байнидавлатии кишварҳои аъзо дар доираи Созмон ҷиҳати ба таъмини амнияту бехатарӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Доир ба рӯзномаи ҷории масъалаҳои СААД, роҳҳои пурзӯр намудани муқовимат ба хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, тадбирҳои муштараки самарабахши мақсаднок дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва экстремизм, мубодилаи ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, киберҷиноятҳо ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷинояткории фаромиллӣ мубодилаи афкор карда шуд.

Аз рӯйи натиҷаҳои кори ҷаласа роҳбарони давлатҳо Баёнияи муштарак инчунин, қарорҳои дахлдорро оид ба беҳтар гардонидани фаъолияти сохтории СААД, такмили асосҳои меъёриву ҳуқуқии фаъолияти он, рушди низоми аксуламалҳои буҳронӣ ва татбиқи дигар тадбирҳо дар асоси рӯзномаи фаъолияти Созмон қабул намуданд.

Натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар нишасти матбуотӣ бо иштироки доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори умум баррасӣ гардид.

Маросими сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти давлатии Федератсияи Русия – ордени «Барои хизмат дар назди Ватан»

21 ноябр 2023 с.

Имрӯз дар Қасри Кремл маросими бо ордени «Барои хизмат дар назди Ватан» сарфароз гардонидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари расмӣ дар пойтахти Федератсияи Русия қарор доранд, баргузор гардид.

Дар оғози маросим Фармони Президенти Федератсияи Русия дар бораи мукофотонии Сарвари давлати мо бо ин нишони давлатии Русия қироат карда шуд.

Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин зимни супоридани мукофот саҳм ва хизматҳои хосси Пешвои миллатро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия, ки имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муваффақона рушд меёбанд, таъкид намуд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар навбати худ, аз ин тасмими олии Президенти Федератсияи Русия изҳори сипос намуда, онро, пеш аз ҳама, ба қадрдонии баланди хидматҳои тамоми мардуми Тоҷикистон дар рушду таҳкими пайвастаи муносибатҳои Тоҷикистону Русия мансуб донистанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки бо талошҳои муштараки ҷонибҳо равобити байнидавлатии ду кишвар дар руҳияи дӯстӣ, ҳусни тафоҳум ва эҳтироми мутақобила минбаъд низ таъмиқ ва густариш хоҳанд ёфт.

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Русия

21 ноябр 2023 с.

Имрӯз, 21 ноябр дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия дар Қасри Кремл мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Русия баргузор шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин самимона истиқбол гирифт.

Зимни музокирот сарони ду давлат дар доираи мулоқоти хосса ва бо иштироки ҳайатҳои ҷонибҳо дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум, ки хоси муносибатҳои байнидавлатии ду кишвар мебошад, маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории дутарафаро муҳокима намуданд.

Сарони давлатҳо ҷанбаҳои кунунии шарикии стратегии ҷонибҳо, аз ҷумла масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ, инчунин дар соҳаи амниятро баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин оид ба доираи васеи масъалаҳои дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом дода шуд.

Зимни музокирот Пешвои миллат зикр намуданд, ки сафари мазкурро ҳамчун қадами муҳим дар роҳи тавсеаи минбаъдаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии ду давлат мешуморанд ва ба он ишора намуданд, ки ҳамкории Тоҷикистону Русия имрӯз дар тамоми соҳаҳои манфиатҳои тарафайн дорои ҷараёни устувор мебошад.

Таъкид гардид, ки соли равон барои ҳар ду давлат соли ҷашнӣ ба ҳисоб меравад. 30 сол қабл Шартномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ ба имзо расида буд. Ба сатҳи расидаи ҳамёрӣ баҳои баланд дода шуд.

Дар музокирот масъалаҳои ҳамкории энергетикӣ, инчунин ҳамкории саноатӣ бо таваҷҷуҳ ба саноати металлургӣ, кӯҳӣ, нассоҷӣ, хӯрокворӣ ва дорусозӣ мавқеи муҳимро ишғол намуданд.

Бояд зикр намуд, ки бо дарназардошти захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ давлати мо айни ҳол энергетикаи «сабз»-ро фаъолона рушд медиҳад.

Тоҷикистон дорои 13 ҳазор пирях мебошад, ки 60 дарсади захираҳои обии Осиёи Марказиро ташаккул медиҳанд.

Мамлакати мо дар ҷаҳон аз ҷиҳати захираҳои умумии манбаъҳои гидроэнергетикӣ дар ҷойи ҳаштум ва аз ҷиҳати ҳиссаи хоси он ба сари ҳар як нафар аҳолӣ дар ҷойи дуюм қарор дорад.

Имрӯз Тоҷикистон 98 дарсади неруи барқи худро дар неругоҳҳои барқи обӣ, яъне аз манбаъҳои барқароршавандаи “энергияи сабз” истеҳсол намуда, аз рӯи ин нишондод дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд.

Таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон азм дорад иқтидори истеҳсоли энергияи тозаро ҳамчун заминаи калидии пешбурди “иқтисоди сабз” дучанд намояд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки соҳаи кишоварзӣ самти дигари дурнамодори ҳамкорӣ мебошад.

Барои густариши содироти маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба Русия изҳори омодагӣ карда шуд.

 Гуфтугӯ ҳамчунин доир ба имкониятҳои васеи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ анҷом дода шуд.

Тамоюли таваҷҷуҳи сайёҳони рус ба Тоҷикистон ва мутаносибан афзоиши шумораи онҳо таъкид гардид.

Аз натиҷаҳои баланди ҳамкории гуманитарӣ, ки дар ҳоли болоравӣ қарор доранд, изҳори  қаноатмандӣ карда шуд.

Соли гузашта дар моҳи октябр Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия бомуваффақият доир гардида, тобистони имсол дар шаҳрҳои Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Русия баргузор шуданд.

Дар музокирот ба омӯзиши забони русӣ, ки дар Тоҷикистон ба он тибқи Конститутсия мақоми забони муоширати байни миллатҳо дода шудааст, таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Бояд зикр кард, ки омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон дар тамоми зинаҳои низоми маориф шуруъ аз кӯдакистон дар беш аз чор ҳазор муассисаи таълимӣ ба таври ҳатмӣ амалӣ карда мешавад.

Ба густариши таҷрибаи фиристодани омӯзгорони рус ба Тоҷикистон дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Муаллими рус дар хориҷа», ки дар доираи он ҳоло дар давлати мо 72 омӯзгор фаъолият дорад, изҳори ҷонибдорӣ баён карда шуд.

Сарони давлатҳо ба рушд ва таҳкими робитаҳои байниминтақавӣ аҳаммияти бузург зоҳир намуданд.

Зиёда аз 80 субъекти федералӣ ва хоҷагидории Русия имрӯз бо Тоҷикистон ҳамкорӣ менамоянд.

Изҳори итминон карда шуд, ки густариши минбаъдаи ҷуғрофияи робитаҳои байниминтақавӣ ба рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва дигар муносибатҳои байни давлатҳо мусоидат менамояд.

Доир ба ҷараёни мусбати ҳамкории байнипарлумонӣ суҳбат анҷом дода шуд.

Байни мақомоти қонунгузории ду давлат тақвияти робитаҳо мушоҳида мегардад.

Аҳамияти ҳамёрии ду давлат дар соҳаи амният зикр карда шуд.