• Хабарҳои охирин
  • Эълонҳо
  • Ҷойхои кори

Иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай

4 июл 2023 с.

4 июли соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар шакли видеоконфронс баргузор шуд, иштирок намуданд.

Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай масоили вобаста ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи судмандро дар доираи Созмон баррасӣ карда, оид ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳаммияти пешбурди минбаъдаи ҳамкориро дар чорчӯби Созмон бар асоси амалҳои ҳамоҳангшуда ва усулҳои эҳтироми ҳамдигарӣ ва манфиатҳои муштарак таъкид карданд.

Президенти Тоҷикистон зикр карданд, ки таваҷҷуҳи афзояндаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Созмони ҳамкории Шанхай, ки  ҳампайвандии беназири тамаддунҳо ва фарҳангҳоро таҷассум менамояд, далели ҷолибияти  баланди он мебошад. Дар ин замина Пешвои миллат таҳияи консепсияи тавсеаи минбаъдаи Созмони ҳамкории Шанхайро барои давраи миёнамуҳлат пешниҳод карданд.  

Сарвари давлати мо дар бахши амният аз таҳдидҳои афзояндаи терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ,  инчунин тамоюли афзоиши гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ дар қаламрави Созмони ҳамкории Шанхай ёдовар шуданд. Дар замина муҳимияти татбиқи босамари «Барномаи ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ то соли 2024», ки соли 2021 дар шаҳри Душанбе қабул шуда буд, инчунин идомаи тадбирҳои  маҷмӯӣ оид ба такмили заминаи меъёрию ҳуқуқӣ, ки таъсиси сохтори алоҳидаи зиддимухаддиротии Созмонро дар пойтахти Тоҷикистон дар назар дорад, таъкид гардид.

Зимни рӯзномаи иқтисодӣ Пешвои миллат ба истифодаи пурраи имконоти мавҷуда  ва бартариҳои рақобатӣ барои рушди давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай даъват ба амал оварданд. Таъкид гардид, ки ин вазифаҳо асоси Стратегияи рушди иқтисодии Созмони ҳамкории Шанхайро барои давраи то соли 2030, ки бо ибтикори Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, ташкил медиҳанд ва татбиқи он ба пешрафти стратегии Созмон бо таваҷҷуҳ ба рушди рӯзномаи «сабз» мусоидат хоҳад кард.

Дар мавриди ҳамкориҳои гуманитарӣ Президенти Тоҷикистон  муҳимияти ҳифз ва густариши мероси ғании фарҳангии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро таъкид намуданд.  Ба чорабиниҳое, ки аз ҷониби Ҳиндустон дар доираи лоиҳаи «Варанаси – пойтахти фарҳангии Созмони ҳамкории Шанхай» баргузор шуда буданд, баҳои баланд дода шу два пешниҳоди эълон кардани шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамчун пойтахти сайёҳӣ ва фарҳангии Созмони ҳамкории Шанхай барои давраи оянда мавриди ҷонибдорӣ қарор гирифт.

 Аз рӯи натиҷаҳои саммит сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, бо қарори дахлдор Стратегияи рушди иқтисодии Созмони ҳамкории Шанхай барои давраи то соли 2030-ро тасдиқ карданд.

Дар чаҳорчӯби ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо ба таври умум 11 қарору санад қабул шуд, ки муҳимтарини онҳо Эъломияи Деҳлии Нав, инчунин қарорҳо дар бораи додани мақоми давлати аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Эрон ва имзои Ёддошти тафоҳум оид ба ӯҳдадориҳои Беларус дар мавуриди гирифтани мақоми аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мебошанд. Сарони давлатҳо ҳамчунин ду изҳорот, аз ҷумла, дар бораи мубориза бо зуҳуроти тундгароӣ, ки боиси терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ  мегардад, инчунин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳаввулоти рақамиро қабул намуданд.

Дар саммит Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, сарони давлатҳои нозири Созмони ҳамкории Шанхай - Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ва Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурелсух, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ба ҳайси меҳмони мизбон, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Мин, директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай Руслан Мирзаев, инчунин роҳбарони як қатор созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла АСЕАН, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё иштирок доштанд.

Мавриди зикр аст, ки раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай барои солҳои 2023-2024 ба Ҷумҳурии Қазоқистон мегузарад.

Мулоқот бо муовини Сарвазир ва Вазири мудофиаи Давлати Кувайт Шайх Аҳмад Фаҳд ал-Аҳмад ас-Сабоҳ

30 июн 2023 с.

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Сарвазир ва Вазири мудофиаи Давлати Кувайт Шайх Аҳмад Фаҳд ал-Аҳмад ас-Сабоҳро ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишварро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ намуданд.

Чуноне Сарвари давлати мо таъкид намуданд, ҷониби Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ ба таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо Кувайт аҳамияти пайваста зоҳир менамояд ва ин кишварро дар арсаи байналмилалӣ шарики муҳими худ медонад.

Ҷонибҳо аз раванди рушду тавсеаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ бо такя ба усулҳои эътимод ва ҳусни тафоҳум, фазои мусоиди ҳамкориҳо ва заминаи боэътимоди шартномавию ҳуқуқӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар ин зимн алоқамандии ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати тавсеаи доираи ҳамёрӣ бо Кувайт дар миқёси сиёсӣ, соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, башарӣ, амният ва дигар арсаҳои мавриди манфиати тарафҳо мавриди таъкид қарор гирифт.

Ду кишвар ба рушду таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар таъмини амнияту субот таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд. 

Сарвари давлати мо аз ҳалли мусолиматомези масоили амниятӣ дар минтақа ва ҷаҳон ҷонибдорӣ намуда, нақши Кувайтро дар ин ҷода созанда хонд.

Зимни мулоқот дар робита ба масоили дигари мубрами ҷаҳони муосир, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон табодули афкор сурат гирифт.

Тавсеаи бештари ҳамкориҳои пурсамари ду кишвар дар доираи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории исломӣ  ба мақсад мувофиқ дониста шуд.

Пешвои миллат идомаи муколамаи сиёсиро дар сатҳи олӣ ва баланд дар роҳи дастрасӣ ба ин ҳадафҳо аз василаҳои муассир донист.

Резаахбор

24 июн 2023 с.

     Аз санаи 20 то 22 июни соли равон бо мақсади дар амал татбиқ намудани Созишнома байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Федератсияи Россия дар бораи аз ҷониби Федератсияи Россия расонидани кумаки беподоши техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушд ва такмили низоми маъмурикунонии андоз, ҳайати намояндагони Федератсияи Россия ҶС “ГНИВЦ” ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Муовини якуми Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Солеҳзода Аюбҷон Маруф ҳайати намояндагонро истиқбол намуда, ба онҳо фаъолияти пурсамарро таманно намуд.

Зимни вохӯриҳо намоиши стенди “АКС” ААИ доир ба тафовут, кор бо занҷираҳо, кор бо ҷадвали алоқа ва ҳамчунин ҷонибҳо оид ба масъалаҳои шаклгирӣ, пурранамоӣ, пешниҳод ва қабули эъломияҳои ААИ аз ҷониби мақомоти андоз мавриди баррасӣ ва муҳокимаронӣ қарор дода шуд.

Тарафҳо дар солҳои 2023 – 2025 ҳамкориро дар самти расонидани кумаки беподоши техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушд ва такмили низоми маъмурикунонии андозтибқи тартиби дар созишномаи мазкур пешбинишуда амалӣ месозад.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ба анҷом расида, ҷонибҳо натиҷаи вохӯриро хуб арзёбӣ намуданд.

Ифтитоҳи Маркази ташхисию табобатӣ дар ноҳияи Ховалинг

20 июн 2023 с.

20 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бинои хуштарҳу замонавии Маркази ташхисию табобатӣ дар назди Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббӣ”-и ноҳияро мавриди истифодабарӣ қарор доданд.

Маркази нави ташхисию табобатӣ дар ошёнаи якуми бинои 5-ошёна ҷойгир буда, ошёнаҳои болоӣ ҳамчун синфхонаҳои таълимӣ пешбинӣ шудааст.

Иншооти соҳаи тандурустӣ дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдулло Ҳасанов дар давоми 7 моҳ бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст.

Маркази нави ташхисию табобатӣ дорои 11 ҳуҷра, аз ҷумла бемориҳои занона, табобати дандон, озмоишгоҳ, асабшинос, ҳуҷраи хатна, физиотерапия, ташхиси функсионалӣ, безараргардонӣ ва гӯшаи гиёҳдармонӣ мебошад.

Ҳайати омӯзгорони доимӣ 45 ва муваққатӣ бошанд, 22 нафарро ташкил медиҳанд, ки ҳамаи онҳо дорои малакаи баланди касбӣ ҳастанд.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Маркази ташхисию табобатии ноҳияи Ховалинг беш аз 80 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб шуданд.

Мутахассисон омодаанд бо истифода аз технологияи навин бисёр намуди таҳлилҳоро гузаронанд.

Ҳар як ҳуҷра ва нуқтаҳои хизматрасонии Маркази ташхисию табобатӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъмин буда, дар он барои кормандон имкони хуби ташхису муолиҷаи беморон фароҳам аст.

Таҷҳизоти маркази ташхисию табобатӣ дар ноҳияи Ховалинг муосир буда, аз хориҷи кишвар ворид гардидааст.

Ба мизоҷон аз тарафи табибони баландихтисос, ҳамшираҳои шафқат ва дигар мутахассисони дорои таҷрибаи баланд бо усули замонавӣ 8 намуди хизматрасонии тиббӣ пешкаш мегардад.

Ҳамчунин дар марказ барои қабули беморон 10 кати хоб мавҷуд мебошад.

Ҳадаф аз таъсиси марказ дастрасӣ ба хизматрасонии сатҳи баланди тиббӣ ва гузаронидани машғулиятҳои донишҷӯён мебошад.

Акнун аз хизматрасонии марказ ҳам сокинони ноҳия метавонанд васеъ истифода намоянд ва ҳам донишҷӯёни коллеҷ таҷрибаомӯзӣ кунанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта ва шароити фароҳамгардида дар маркази нави ташхисию табобатӣ баҳои арзанда дода, табибонро ба истифодаи маҳорату малакаи касбӣ баҳри ҳифзи солимии аҳолӣ ва тарбияи мутахассисони баландихтисос роҳнамоӣ карданд.

Мулоқот бо Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Ҳуснуллин

19 июн 2023 с.

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ Марат Ҳуснуллинро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар оғози суҳбат Пешвои миллат аҳаммияти фаъолияти ҳамоҳангшуда ва самараноки Комиссияи мазкурро таъкид намуда, ба Марат Ҳуснуллин дар фаъолияти минбаъдааш ба ҳайси ҳамраиси ин механизми муҳими пешбурди муносибатҳои ҷонибҳо комёбӣ орзу намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунуниву дурнамои муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сарвари давлати мо таъкид карданд, ки масоили таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Федератсияи Русия дар сиёсати хориҷии кишвари мо ҷойгоҳи хоса доранд ва ҷониби Тоҷикистон ба тамоми маҷмӯи робитаҳои ду кишвар таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд.

 Дар ин замина зарурати идомаи талошҳои ҷонибҳо ҷиҳати татбиқи пурраи мувофиқаҳои қаблан бадастомада оид ба тавсеаи минбаъдаи ҷанбаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарии ҳамкориҳои ду кишвар таъкид гардид.

Ҷонибҳо зимни мулоқот маҷмӯи васеи масоили муносибатҳои Тоҷикистону Русияро дар самтҳои мухталифи иқтисоду тиҷорат, бахусус дар соҳаҳои саноат, аз ҷумла саноати сабук, хӯрокворӣ, ҳамзамон энергетика, комплекси агросаноатӣ, ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва сайёҳӣ муҳокима карданд.

Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши воқеии иқтисоди Тоҷикистон ба ҳайси самтҳои ояндадори муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ шуданд.

Ба масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират, аз ҷумла ба тақвияти ҳимояи ҳуқуқиву иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳифз ва тавсеаи фазои умумии маънавию фарҳангии мардумони ҳарду кишвар таваҷҷуҳи лозима ҷалб шуд.

Дар баробари ин Пешвои миллат сатҳи имрӯзаи робитаҳои ду кишварро дар бахшҳои гуманитарӣ баланд арзёбӣ намуда, таъмини рушди минбаъдаи ҳамкориҳои амалии ҷонибҳоро дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг ҳамчун масалаҳои мубрами рӯз қайд карданд.

Мулоқот бо Президенти Бонки Осиёии рушд Масатсугу Асакава

12 июн 2023 с.

12 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии рушд ҷаноби Масатсугу Асакаваро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки Осиёии рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону Бонки Осиёии рушд давоми 25 соли шарикӣ, аз ҷумла аз ҷониби ин ниҳоди молиявӣ ба маблағи зиёда аз 2,5 миллиард доллари америкоӣ маблағгузорӣ шудани 180 лоиҳа дар соҳаҳои мухталифи кишвари мо изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҷаноби Масатсугу Асакава аз имкониятҳои назарраси Тоҷикистон дар истеҳсолу содироти энергияи тозаю барқароршаванда ва дар ин замина рушди “иқтисоди сабз” ёдовар шуда, бори дигар ҷонибдории Бонки Осиёии рушдро роҷеъ ба дастгирии саҳми Тоҷикистон дар рӯзномаи глобалии тағйирёбии иқлим тасдиқ намуд.

Зимни мулоқот вобаста ба масъалаи ҳамкории ҷонибҳо ҷиҳати идомаи татбиқи ислоҳот ва дигаргунсозии иқтисодӣ табодули андеша сурат гирифт. Инчунин рушди соҳаи энергетика ва масъалаҳои тағйирёбии иқлим аз ҷумлаи самтҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистону Бонки Осиёии рушд арзёбӣ гардиданд.

Дар робита ба вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза ва шиддат гирифтани пайомадҳои он андешидани тадбирҳои муштарак оид ба пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири хавфҳо ва омилҳои манфӣ ба иқтисоди миллӣ зарур шумурда шуд.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн гуфтугӯ сурат гирифт.