Вохурии навбати дар Кумитаи андоз бо иштироки намояндогони Агентии назорати давлатии молияви мубориза бо коррупсия

    Санаи 02.09.2025 дар Кумитаи андоз бо иштироки Муовини Раиси Кумитаи андоз Бахтиёр Султон, намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини сардори Раёсати муқовимат ба коррупсия Рабизода Диловар ва сарнозири ҳамин Раёсат ҳамдамзода Некрузҷон ва дигар кормандони мақомоти андоз ҷаласаи васеъ баргузор гардида, дар он пешниҳодҳои Агентӣ, ки ба Кумитаи андоз ворид гардидаанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

    Муовини Раиси Кумитаи андоз Бахтиёр Султон қайд намуданд, ки дар Кумитаи андоз Ҷиҳати пешгирии коррупсия ба таври мунтазам корҳои муайян анҷом дода мешавад. Аз Ҷумла ҳамасола Фармоишҳои дахлдори Кумитаи андоз “Нақшаи дохилиидоравии Кумитаи андози назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли дахлдор, Ҷиҳати таъмини иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум ( солҳои 2021 – 2025 )” қабул карда мешавад.

    Инчунин, тибқи муқаррароти моддаи 162 Кодекси андоз яке аз вазифаҳои асосии мақомоти андоз муайян намудани расмиёт ва усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсия дар мақомоти андоз ва амалӣ намудани онҳо мебошад.

    Намояндагони Агентӣ баромад намуда қайд намуданд, ки муқовимат бар зидди ҳама гуна амалҳои коррупсионӣ на танҳо вазифаи кормандони мақомоти давлатӣ, балки вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад"

    Дар баробари ин, дар Ҷаласа оид ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки самти муқовимат ба коррупсияро танзим менамоянд, кодексҳои Ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, инчунин қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 «Дар бораи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» ба иштирокчиёни Ҷаласа маълумоти мухтасар пешниҳод гардида бори дигар дар сатҳи баланд ва зарурӣ иҶроиши онҳо таъкид карда шуд."

    Дар охир, Муовини Раиси Кумитаи андоз ба намояндагони Агентӣ Ҷиҳати иштирок дар Ҷаласа ва дар маҷмуъ оиди ҳамкорӣ дар самти муқовимат ва пешгирии коррупсия дар мақомоти андоз изҳори сипос намуда, изҳор намуданд, ки Кумитаи андоз Ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021–2025) , иҷрои қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.10.2016, №465 “Дар бораи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)” ва фармоиши Кумитаи андоз аз 09.04.2025, №220 “Дар бораи тасдиқ намудани “Нақшаи мукаммал барои солҳои 2025-2026, Ҷиҳати пешгирӣ, бартараф ва коҳиш додани хавфҳои коррупсионӣ” минбаъд низ чораҷўӣ менамояд.