• Хабарҳои охирин
  • Эълонҳо
  • Ҷойхои кори

Иштирок дар Саммити якуми сарони кишварҳои “Чин-Осиёи Марказӣ”

19 май 2023 с.

19 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин дар кори Саммити якуми сарони кишварҳои “Чин-Осиёи Марказӣ” иштирок ва суханронӣ карданд.

Саммит бо истиқболи самимии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ва маросими аксбардории хотиравии иштирокдорон оғоз гардид.

Кори Саммити якуми “Чин-Осиёи Марказиро” бо сухани муқаддимавӣ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ифтитоҳ карданд.

Зимни суханронии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар ҳамаи масъалаҳои рушди кишварҳо пешниҳод карданд, ки Чин барои пурзӯр намудани институтикунониии минбаъдаи ин сиғаи ҳамкорӣ диққати ҷиддӣ медиҳад. Ба ин мақсад, ӯ изҳор намуд, ки ҷониби Чин барои татбиқи минбаъдаи барномаю лоиҳаҳо дар чаҳорчӯбаи ин ҳамоиш 26 миллиард Юан ҷудо хоҳад намуд.

Роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ зимни суханронии худ доир ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи ҷаласа ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои судманди давлатҳои ҳамоиш як қатор пешниҳодҳо намуданд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ҷиҳати дар сатҳи баланди тадорукотӣ ташкил кардани Саммити якуми “Чин-Осиёи Марказӣ” ва истиқболи гарму меҳмоннавозии анъанавӣ изҳори сипос намуданд.

Таъкид гардид, ки дар шаҳри таърихии Сиан баргузор шудани ҳамоиш бисёр рамзӣ мебошад, зеро Роҳи бузурги абрешим маҳз аз ҳамин ҷо сарчашма гирифта, дар замони мо рушду эҳё меёбад ва барои ба ҳам наздик шудани кишварҳову мардумони мо хизмат мерасонад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба вазъи мураккабу зудтағйирёбандаи ҷомаеи ҷаҳонӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳо дар ҷаҳон ва минтақа иброз доштанд, ки маҳз бо дарназардошти ин ҳолат аҳамияти ҳамкор ии кишварҳо дар чаҳорчуби ҳамоиши “Чин-Осиёи Марказӣ” афзун мегардад

Дар ин росто Сарвари давлат мавқеи устувори Тоҷикистонро дар роҳи мустаҳкам кардани ҳамкории гуногунҷанба дар чаҳорчуби ҳамоиши “Чин-Осиёи Марказӣ” ҷиҳати таъмини амну субот, таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди устувор таъйид карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ таъкид доштанд, ки давоми се даҳсола муносибатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дар асоси усулҳои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому боварии мутақобила босуръат рушд ёфтанд. Дар ин росто мулоқот дар доираи саммити “Чин-Осиёи Марказӣ” метавонад заминаи нодир ва самараноке барои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳои мо гардад.

Зимни суханронии пурмуҳтаво Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки буҳронҳои озуқаворӣ, энергетикӣ ва иқтисодию молиявӣ, инчунин пандемияи короновирус ва тағйирёбии иқлим ба талошҳои кишварҳо дар самти рушди устувор, таъсири манфӣ мерасонад.

Пешниҳод гардид, ки рушди ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, сармоягузорӣ ва тиҷорат фаъол карда шавад.

Таъкид карда шуд, ки фазои иқтисодии Тоҷикистон барои ҳамаи соҳибкорону сармоягузорон ҳамеша кушода аст.

Тоҷикистон ба тавсеа ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ барои беҳсозии робитаҳои нақлиётию коммуникатсионӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва рақамикунонию соддагардонии тартибот дар тиҷорати байналхалқии давлатҳо, инчунин таъсиси марказҳои логистикӣ манфиатдор мебошад.

Дар кори ҳамоиш имкониятҳо дар самти тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Чин дар соҳаҳои кишоварзӣ, рақамикунонӣ, инноватсия ва “технологияи сабз”, бахши гидроэнергетика ва дигар бахшҳои судовар таъкид гардид.

Зимни баррасии масоили обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо Президенти мамлакат ба сарони кишварҳо ҷиҳати дастгирии амиқ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон изҳори сипос карданд.

Дар рафти суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоишро ба масъалаи тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳангию гуманитарӣ, тандурустӣ ва сайёҳӣ ҷалб сохтанд.

Таъкид гардид, ки таъмини амнияти минтақавӣ аз мавзуъҳои мубрами кишварҳо буда, Тоҷикистон ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният, мубориза бо терроризму экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши маводи нашъаовар, диққати махсус медиҳад.

Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз мавқеи устувору тағйирнопазири Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонию минтақавӣ ва рушду тавсеаи ҳамкориҳо ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки мо қабули “Эъломияи Сиан”-ро ҷонибдорӣ мекунем.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин дар суханронии ҷамъбастии худ чунин иброз доштанд: “Шумо Ҷаноби Президент миёни мо Сарони давлатҳо аз ҳама сиёсатмадори пуртаҷриба ба Шумор меравед, ки дар саргаҳи таъсиси давлатдории навини тоҷикон ва дар саргаҳи таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай истода будед.

Шумо хеле сиёсатмадори хирадманд, пуртаҷриба ва дурбин ҳастед ва дар рушди муносибатҳои дуҷониба нақши муҳим мебозед.

Пешниҳод ва андешаҳои Шумо барои мо ниҳоят муҳим мебошад”.

Бояд гуфт, ки аз руи натиҷаи кори Саммити якуми “Чин-Осиёи Марказӣ”  Эъломияи Сиан қабул гардид, ки дар он масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва самтҳои асосии ҳамкориҳо байни кишварҳои ин ҳамоиш дарҷ шуданд.

Инчунин, як қатор механизмҳои бисёрҷонибаи ҳамкориҳо дар самтҳои муҳимми иҷтимоию иқтисодии рушди кишварҳои ҳамоиш қабул гардиданд.

Оид ба натиҷаҳои кори Саммити якуми “Чин-Осиёи Марказӣ” дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин дар нишасти матбуотӣ бо иштироки доираи васеи хабарнигорон бо изҳорот баромад карданд.

Бо ҳамин кори Саммити якуми “Чин-Осиёи Марказӣ” ба охир расид.

Пас аз анҷоми кори Саммит Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин бо нишони таҳкиму густариши муносибатҳои ҳамкорӣ ниҳоли “дӯстӣ” шинониданд.

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

18 май 2023 с.

18 май дар шаҳри Сиан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дар ҳошияи ҳамоиши сатҳи баланди саммити якуми “Осиёи Марказӣ-Чин” бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд.

Дар рафти вохӯрии самимӣ маҷмуи васеи масоили дӯстӣ, ҳамҷаворӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқот изҳори қаноатмандӣ карда, натиҷаҳои онро барои таҳкими робитаҳои Тоҷикистону Узбекистон неку назаррас арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо дар рафти мулоқот ҳолат ва дурнамои робитаҳои ду кишварро дар сатҳу соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар чаҳорчӯби ҳамоиши “Осиёи Марказӣ-Чин” муҳокима карданд.

Мулоқот бо Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Тсян

17 май 2023 с.

17 май дар шаҳри Пекин дар доираи сафари давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Тсян мулоқот анҷом доданд.

Дар вохӯрӣ маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Чин мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки тайи даҳ соли охир равобити шарикии стратегии Тоҷикистону Чин ба сатҳи сифатан нав баромад ва ин муносибатҳо намунаи ҳамсоягии нек ва дӯстии самимӣ мебошанд.

Таъкид гардид, ки муомилоти молӣ байни кишварҳо мунтазам афзуда, соли гузашта афзоиши он қариб 40 фоизро ташкил дод. Ин имкон медиҳад, ки ҳарду давлат дар ояндаи наздик ҳачми тиҷоратро назаррас зиёд намоянд.

Дар рафти мулоқот масоили робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ, татбиқи лоиҳаҳои калони инфрасохторӣ ва ҳамкорӣ дар саноати кӯҳӣ муҳокима гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷалби технологияҳои муосири чинӣ ба бахши коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан пахта, сабзавоту меваҷот ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои пиллапарварӣ ва фармасевтӣ амри муҳим маънидод гардид.

Дар ин зимн, зарур шумурда шуд, ки масъалаи марбут ба додани иҷозат барои содироти бештари маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Чин ҳарчӣ зудтар ҳал карда шаванд.

Дар мулоқот ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Мулоқот бо Комиссари Олии САҲА оид ба корҳо бо ақаллиятҳои миллӣ Кайрат Абдрахманов

15 май 2023 с.

15 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссари олии Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба корҳо бо ақаллиятҳои миллӣ Кайрат Абдрахмановро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот маҷмуи масоили ҳамкории Тоҷикистону Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва ниҳоди он оид ба корҳо бо аққалиятҳои миллӣ баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ҳамкории Тоҷикистон бо Созмон ошкоро ва созанда ҷараён дошта, мо кори Комиссари олиро дар таҳкими эътимоди мутақобила, иттиҳоди иҷтимоӣ ва дарки ҳуқуқи инсон қадр мекунем.

Таъкид гардид, ки сиёсати мо ба таҳкими ҳамаҷонибаи суботи дохилӣ, инчунин таҳаммулпазирии байни миллатҳо ва динҳо нигаронида шудааст. Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои ҳамаи шаҳрвандонаш, сарфи назар аз миллат, нажод, дин ва забон чораҳои мушаххас меандешад.

Зимни вохӯрӣ ба масъалаи робитаҳои дуҷониба дар самтҳои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, бахусус дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои ҳуқуқи башар, аз ҷумла оид ба масъалаҳои ақаллиятҳои миллӣ, рушди маориф, фарҳанг ва забонҳо таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

Мулоқот бо Фиристодаи вижаи Президенти Ҷумҳурии Корея, Котиби калон оид ба стратегияи оянда Ҷанг Сангмин

15 май 2023 с.

15 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фиристодаи вижаи Президенти Ҷумҳурии Корея, Котиби калон оид ба стратегияи оянда Ҷанг Сангминро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ба рушди муносибатҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Корея баҳои баланд медиҳад. Вусъат додани муносибатҳо бо Корея самти муҳими сиёсати берунии кишвари мо мебошад.

Дар рафти мулоқот муносибатҳои Тоҷикистону Корея дар чаҳорчуби Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалию ниҳодҳои молиявӣ, баррасӣ шуд.

Ба нақши Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея ҳамчун майдони муҳимми ҳамкорӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид

Таҳкими ҳамкорӣ дар самти амалисозии лоиҳаҳои иқтисодию сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз самтҳои барои ҳар ду кишвар судовар номида шуд.

Ҷонибҳо дар рафти мулоқот ҳамчунин оид ба дигар мавзӯҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ва нишасти матбуотии Сарони давлатҳои Тоҷикистону Туркманистон

10 май 2023 с.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сердар Бердимухаммедов маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухаммедов ба Эъломия оид ба таъмиқи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон имзо гузоштанд.

Сипас, дар назди Сарони давлатҳо 23 санади дигар:

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти киберии байналмилалӣ;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи техникии иттилоот;

- Протокол байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон оид ба ҳамкории мутақобила дар доираи созмонҳои байналмилалӣ;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи карантини растаниҳо;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ;

- “Харитаи роҳ” барои вусъат додани ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Туркманистон барои солҳои 2023-2025;

- Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Хадамоти мониторинги молиявии назди Вазорати молия ва иқтисоди Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом;

- Ёддошти тафоҳум байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Туркманистон;

- Созишнома байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии гумруки Туркманистон оид ба ташкили мубодилаи иттилооти пешакӣ дар бораи мол ва воситаҳои нақлиёти тавассути сарҳади гумрукӣ интиқолшаванда;

- Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳокимияти вилояти Марии Туркманистон;

- Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳокимияти вилояти Балкани Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар самтҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ;

- Барномаи чорабиниҳои якҷоя (“Харитаи роҳ”) дар бораи густариши ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи зиёд кардани ҷараёни бор ва фаъолгардонии боркашонии мултимодалӣ байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии нақлиёт ва комуникатсияи назди Девони Вазирони Туркманистон барои солҳои 2023-2025;

- Ёддошти тафоҳум байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат  ва истеҳсолоти сохтмонии Туркманистон;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории тиҷоратӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдо ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Туркманистон;

- Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ;

- Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии “Туркменавтоулаглары”-и Агентии нақлиёт ва комуникатсияи назди Девони Вазирони Туркманистон оид ба рушди ҳамлу нақли байналмилалии нақлиётӣ;

- Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ байни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии Туркманистон оид ба омор;

- Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии асосии “Туркменстандартлари”;

- Ёддошти тафоҳум байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази илмии тадқиқоти стратегии Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон;

- Ёддошт оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи саноатчиён ва соҳибкорони Туркманистон;

- Ёддошти тафоҳум байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” ва Агентии давлатии иттилоотии Туркманистон “TDH”;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳои мутақобила байни Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии иттифоқҳои касабаи Туркманистон.

Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳо Сарони давлатҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сердар Бердимухаммедов оид ба мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, зимни изҳороти хеш натиҷаҳои онро барои таъмиқи ҳамкориҳои минбаъда неку назаррас арзёбӣ карданд.