• Хабарҳои охирин
  • Эълонҳо
  • Ҷойхои кори

Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа - Бохтар, роҳи автомобилгарди Душанбе – Бохтар

24 апрел 2023 с.

24 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз рафти корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи сеюми татбиқи лоиҳаи “Таҷдиди қитъаи Қизил-қалъа Бохтар, идомаи роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар”, ки 9,2 километрро ташкил медиҳад, шинос шуданд.

Шоҳроҳи мазкур дар заминаи татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон бахусус раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ бунёд гардида, дар навбати аввал бештар аз 75 км роҳ, шуруъ аз шаҳри Душанбе то пули дарёи Вахш, воқеъ дар ноҳияи Хуросон таҷдиду навсозӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.

Анҷоми тадбирҳои роҳсозӣ дар марҳилаи якум ва дуюм хеле хуб ба мушоҳида расида, сокинони вилояти Хатлон ва дигар меҳмонони тавассути ин роҳ сафаркунанда истифода ва баҳрабардорӣ карда истодаанд.

Акнун дар марҳилаи навбатӣ бо дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаи “Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа-Бохтар, роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар” бо дарназардошти васеъкунии роҳ дар чор хати ҳаракат дар муҳлати муайяншуда мавриди истифода қарор мегирад.

Дар сохтмони роҳи мазкур фармоишгари татбиқи лоиҳа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “СИ ТИ АЙ” ва пудратчӣ ширкати “ДАЙ НИППОН”-и кишвари Ҷопон корҳои босифати сохтмониро ба анҷом расонида истодаанд.

Муҳлати татбиқи лоиҳаи мазкур бештар аз 22 моҳро ташкил медиҳад. Сохтмончиён бо имкониятҳои хуби маблағгузорӣ дар доираи амалишавии лоиҳаи мазкур, махсусан ёддошти тафоҳум ва созишномаҳои грантӣ бо маблағи умумии 3 миллиарду 349 миллион ени японӣ (тақрибан 31 миллиону 829 ҳазор доллари амрикоӣ) бунёди роҳро ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои стандарти ҷаҳонӣ мавриди истифода қарор хоҳанд дод.

Тавре иттилоъ доданд, паҳноии роҳ аз 24 то 26,5 метрро дар бар мегирад. Аз рӯйи тарҳи  бунёди роҳ дар таҷдиду азнавсозии ин самти ҳаракат якчанд пул, гузаргоҳу роҳравҳои алоҳида барои пиёдагардон, хобондани қубурҳои қутрашон гуногун ба анҷом расонида мешавад.

Аз рӯйи иттилои мутахассисони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ бо маблағҳои пешбинишуда ҷараён гирифта, анҷоми корҳои бунёдӣ тибқи шартнома дар мӯҳлати муайян    ба иҷро расонида мешавад.

Ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бунёди чунин роҳҳои  хушсохту замонавӣ, ин беҳтар гардонидани хизматрасонии нақлиёт, интиқоли молу маҳсулоти гуногун аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба пойтахти мамлакат, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар давраи сохтмон, беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ арзёбӣ мешавад.

Дар ҷараёни амалишавии лоиҳаи бунёди роҳ садҳо нафар сокинони вилояти  Хатлон бо шуғл фаро гирифта шуда, бо маоши баланд ҳавасманд гардонида мешаванд.

Дар таҷдиду бунёди роҳи мазкур  19 нафар мутахассисони хориҷӣ ва 379 нафар мутахассисони маҳаллӣ фаъолияти пурсамар карда истодаанд, ки ин 95 фоиз аз шумораи умумии кормандон аст.

Барои сифатнок ва дар муҳлати муайян ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ 83 техника ва механизмҳои пуриқтидори сохтмонӣ ҷалб карда шудаст, ки аз ин шумора 32 воситаи нақлиётро мошинҳои калони борбардор, 6 экскватор ва дигар техникаҳои роҳсозӣ истифода мегардад.

Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, айни замон корҳои сохтмони роҳ хуб ҷараён дошта, аз рӯйи маълумоти мутахассисон 172 ҳазору 375 метри мураббаъ қабати поёнии якуми роҳ, 111ҳазор метри мураббаъ қабати поёнии дуюм ба анҷом расонида шуда, 87 ҳазор метри мураббаъ  қисмати болоӣ асфалт ва 83 ҳазор метри мураббаъ қабати дуюм низ асфалт гирифта шудааст.

Дар ду канори роҳ новаҳои обпарто, 18 адад қубурҳои обгузар гузошта шуда,  корҳои равшаннамоӣ дар 6 қитъа бо дарозии 1,4 км ба анҷом расонида шудааст.

Айни замон тибқи лоиҳаи сохтмонӣ пулҳои рақами 15 ва 16 ба охир расида, барои истифодабарӣ омода карда шудааст.

Аз рӯйи маълумоти ниҳоӣ корҳои сохтмонӣ дар масири мазкур  то охири моҳи майи соли ҷорӣ пурра ба анҷом расонида мешавад.

Аз рӯйи таъкиди Пешвои муаззами миллат корҳои сохтмонӣ дар роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ бояд бо сатҳу сифати аъло ба итмом расида,  садсолаҳо барои сокинон ва меҳмонон хизмат расонад.

Масири мазкур аз 4 хатти ҳаракат, ҳар кадоме иборат аз 3,5 метр ба ду самт бо пойдеворҳои бетонӣ қисмат карда шудааст.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни шиносоӣ аз корҳои анҷомёфта ба меҳнату заҳмати мутахассисону коргарон  баҳои баланд доданд.

Дар масофаи қитъаи Қизил-қалъа - Кӯшониён - Бохтар, ки 9,2км-ро дар бар мегирад, 2 пул, 8 истгоҳ, 16 қубури обгузар, 18 ҳазор метри мураббаъ роҳи пиёдагард ва гузоштани аломатҳои ишоравии ҳаракати роҳ дар қитъаҳои гуногуни он ба иҷро расонида мешавад.

Дар вусъати корҳои созандагӣ мутахассисони тоҷик дар ҳамкорӣ бо мутахассисони кишвари Ҷопон меҳнати босамар карда истодаанд.

Бунёди роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар ҳамкориҳои иқтисодии минтақаи Осиёи марказиро бештар намуда, Тоҷикистонро бо кишварҳои минтақа ва бандарҳои баҳрӣ пайваст мекунад.

Ин шоҳроҳ василаи хуб дар ҳамлу нақли молу маҳсулоти гуногун мегардад.

Семинар дар мавзуи “Низоми баҳодиҳии ташхисии маъмурикунонии андоз (TADAT)”

13 апрел 2023 с.

Рӯзҳои 3-6 апрели соли 2023 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон семинар дар мавзуи “Низоми баҳодиҳии ташхисии маъмурикунонии андоз (TADAT)” (минбаъд – Семинар) баргузор гардид.

Семинар бо ташаббуси Маркази минтақавии рушди иқтидор барои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистони Хазинаи Байналмилалии Асъор баргузор гардида, дар он намояндагони ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Арманистон, Муғулистон, Туркменистон ва Гурҷистон иштирок намуданд.

Дар Семинар гуруҳи мутахассисони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Қудратов Хуршед - сардори Раёсати маъмурикунонии андози Сарраёсати маъмурикунонии андоз, Мирмадов Хисрав - сардори Раёсати таҳлил ва коркарди маълумотҳои Сарраёсати баҳисобгирӣ ва таҳлили даромадҳо ва Рузимадов Умедҷон - мудири бахши андозбандии байналмилалии Раёсати ҳамкории байналмилалӣ иштирок намуданд.



Мақсад аз баргузории Семинар дар пешниҳоди маълумот ба иштирокчиён оид ба шарҳи низоми ташхисии баҳодиҳии TADAT ва баррасии таҷрибаи беҳтарини байналмилалӣ, ки дар методологияи TADAT қабул ва истифода мешавад, инчунин тартиб ва раванди дархости мақомоти андоз ҷиҳати гузаронидани ташхиси TADAT буд. TADAT ин як навъ низоми баҳодиҳии ташхисии маъмурикунонии андоз аст, ки бо истифода аз усулҳои объективӣ ва стандартӣ ҷиҳати арзёбии ҷиҳатҳои қавӣ ва заифи мақомоти андоз дар асоси меъёрҳои таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ гузаронида мешавад.

Зимни баргузории Семинар намояндагони Кумитаи андоз доир ба натиҷаҳои бадастовардаи мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти маъмурикунонии андоз ва тағйироту иловаҳо ба қонунгузории андоз маърӯзаҳо пешниҳод намуданд.

Дар анҷоми Семинар тести санҷишӣ гузаронида шуда, иштирокчиён, аз ҷумла намояндагони мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сертификати Котиботи TADAT сарфароз гардонида шуданд.

Резаахбор

11 апрел 2023 с.

Санаи 7 апрели соли равон ҳайати намояндагони Иттиҳоди Аврупо таҳти роҳбарии Сафири Иттиҳоди Аврупо муҳтарам Раймундас Кароблис бо дархости мулоқоти арзи адаб ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Муовини якуми Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Солеҳзода Аюбҷон Маруф бо ҳайати Иттиҳоди Аврупо вохӯрӣ намуда, ҷиҳати ташриф овардан ба Кумитаи андоз изҳори миннатдорӣ намуд.

Зимни вохӯрӣ, ҷонибҳо вобаста ба қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, имтиёзҳои андозиву гумрукӣ ба лоиҳаҳои грантие, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешаванд, инчунин доир ба ҳамкориҳои минбаъдаи тарафҳо табодули афкор намуданд.

Ҳамзамон ҷиҳати татбиқи имтиёзҳои андозие, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, риояи талаботи санадҳои зерқонунии соҳа мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Дар ҷамъбаст ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони татбиқкунандагони лоиҳаҳо, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешаванд, мактуби тавзеҳотӣ омода ва пешниҳод карда мешавад.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ба анҷом расида, ҷонибҳо натиҷаи вохӯриро хуб арзёбӣ намуданд.

Семинари страгии маъмурикунонии инноватсионии андоз

11 апрел 2023 с.

Рӯзҳои 25-31 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Токиои Ҷопон семинари стратегии маъмурикунонии инноватсионии андоз (минбаъд - Семинар) баргузор гардид.

Семинар бо ташаббуси Бонки Осиёгии Рушд бо иштироки беш аз 80 намояндагон аз 30 давлатҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором доир шуд.

Мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Семинар муовини якуми Раиси Кумитаи андоз - Солеҳзода Аюбҷон Маруф муаррифӣ намуд.

Коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони мақомотҳои андоз тибќи рўзномаи љаласањои Семинар мавзуъњои вобаста ба рақамикунонии фаъолияти мақомоти андоз, аз ҷумла идоракунии самараноки бақайдгирии андозсупорандагон бо истифода аз технологияҳои рақамӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию андозии андозсупорандагон ва пешниҳоди хизматрасониҳо ба шаҳрвандон бо истифода аз воситаҳои рақамӣ, таҳлили электронии маълумот, истифодаи зеҳни сунъӣ дар мақомоти андоз ва ҷамъоварии маълумоти шахсони сеюм барои беҳтар намудани корҳои назоратӣ, ҳалли мушкилоти рақамикунонии иқтисодиёт ва нақши созмони Воситаи арзёбии ташхиси мақомоти андоз (TADAT) барои беҳтар намудани воридоти даромадҳо, навовариҳо дар самти татбиқи тадбирҳои BEPS-(мубориза бар зидди канораҷӯӣ аз пардохти андозҳо ва интиқоли фоида) мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар семинари мазкур қайд карда шуд, ки пандемияи COVID-19 ба давлатҳои ҷаҳон таъсири манфӣ расонида, қарзи давлатҳо зиёд гардид ва дар баробари ин даромадҳои давлатӣ низ аз ҳисоби андозҳо коҳиш ёфтанд. Бинобар ин, хулоса карда шуд, ки бо мақсади ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ-аъзоёни Бонки Осиёгии Рушдро зарур аст, ки ба корҳо вобаста ба ҷалби захираҳои дохилӣ тавассути гузаронидани ислоҳотҳои андозӣ ва ҳамкории байналмилалии андозӣ боз ҳам тақвият диҳанд.

Чунин ташаббусҳои ислоҳотӣ, самтҳои гуногунро дар бар мегиранд, аз ҷумла баланд бардоштани меъёри андоз аз даромадҳои шахсоне, ки даромадҳои калон ба даст меоранд (андозбандии прогрессивӣ-афзоянда) бо назардошти ҳаҷми даромадҳо, густариши ҳамкориҳои байналмилалии андозӣ ва муосиркунонии маъмурикунонии андоз бо истифода аз технологияҳои рақамӣ барои беҳтар намудани риояи қонунгузории андоз.

Ҳадаф аз гузаронидани ислоҳоти маъмурикунонии андоз ин дар маҷмуъ рақамикунонии фаъолияти мақомоти андоз ҷиҳати таъмини даромадҳои давлатӣ мебошад. Татбиқи технологияҳои рақамӣ метавонад ба мақомоти андоз дар коҳиш додани хароҷоти амалиётӣ ва баланд бардоштани шаффофияти фаъолият кӯмак расонад, ки омили мазкур ба беҳтар гардидани иҷроиши қонунгузории андоз аз ҷониби андозсупоранда мусоидат менамояд.

Мулоқот бо Муовини якуми Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия Ивитса Дачич

8 апрел 2023 с.

8 апрел дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини якуми Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия Ивитса Дачичро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Сербия баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо ҷонибдори густариши минбаъдаи робитаҳои дуҷониба дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ва таҳкими заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ду кишвар ҳастем.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, инчунин технология, сайёҳӣ ва кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Дар ин зимн ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангиву гуманитарӣ, аз ҷумла соҳаи маориф ва илм ҳамчун самти ояндадори муносибатҳои Тоҷикистону Сербия арзёбӣ гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

5 апрел 2023 с.

5 апрел Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри миллат баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиевро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват карданд.

Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.

Ҳамчунин тибқи муқаррароти расмии маросими истиқболи сафарҳои давлатӣ ба ифтихори ташрифи Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон аз тупхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд.